Ҷодаи бахт (шеърҳо). Ҳоҷӣ Амруллоҳи Муштоқ

Муаллиф: Ҳоҷӣ Амруллоҳи Муштоқ

Бахш: Адабиёти муосир, Шеър

Ношир: Адиб

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2010

Саҳифа: 88

Андоза: 328 КБ

САМОИ ДИЛ

Мерасад бар ёди ман оҳанги гуфтугӯи ту,
Дил ҳамеша дар талошу дар суроғи рӯи ту,

Роҳи манро гар бубастӣ ту намедонам чаро?
Меравам ман ҳар замон бо роҳи печон сӯи ту.

Чун ситора гар бигирӣ дар самои дил макон,
Ман мунаҷҷимвор оям рӯзу шаб бар кӯи ту.

Ҳамчу Маҷнун мезанам худро ба ҳар кӯҳу дара,
То бубинам як даме ман қомати дилҷӯи ту.

Мактаби ишқи ту меомӯхт панду ҳикматам,
Эй ки хондам ҳарфи меҳр аз дафтари абрӯи ту.

Кай, Бунафша, мерасӣ бар қадри ин Муштоқи хеш,
Зуд о, ки медамад испедаҳо дар мӯи ту.


Калидвожаҳо: Китоби Чодаи бахт (шеърхо), Чодаи бахт (шеьрхо), Чодаи бахт (шерхо), Хочи Амруллохи Мушток, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)