Абӯалӣ ибни Сино (980-1037) мутафаккири барҷастаи Машриқзамин аст, ки ба рушду ривоҷи илму фан ва тамаддуни башарӣ саҳми беандоза бузург гузоштааст. Бинобар асарҳо ва шарҳҳои Ибни Сино, ки дар Аврупо бо номи “Авитсенна” машҳур аст, халқҳои Аврупо бо бархе аз осори Арасту ошно гардиданд. Абӯалӣ ибни Сино бо 450 номгӯ асарҳои илмӣ ва адабии худ ба ривоҷи соҳаҳои гуногуни илм, хусусан, фалсафа, мантиқ, ахлоқ, илоҳиётшиносӣ, эстетика, тиббиёт, кимиё, дорушиносӣ, гиёҳшиносӣ, минералогия, ҷуғрофиё, риёзиёт, физика, астрономия, адабиётшиносӣ, мусиқашиносӣ ва ғайра саҳми арзанда гузошт.
Ин рисолаи илмӣ-оммавӣ, ки дар дасти шумо, хонандагони азиз аст, ба шарҳи мухтасари рӯзгор ва осори ин нобиғаи беназири таърихи башарият ва масъалаи ҷойгоҳи ӯ дар рушду ривоҷи тамаддуни башарӣ ихтисос ёфтааст.
Китоб барои мутолиъа ба муҳаққиқони афкор ва осори Ибни Сино, муҳаққиқон, муаллимон ва донишҷӯёни соҳаҳои таърих, фалсафа ва адабиётшиносӣ, муаллимони мактабҳои миёна ва донишомӯзон ва доираи васеъи хонандагон тавсия карда мешавад.
Калидвожаҳо: Китоби Чойгохи Ибни Сино дар таърихи тамаддуни чахон (Рисола), Чойгохи Ибни Сино дар таьрихи тамаддуни чахон (Рисола), Чойгохи Ибни Сино дар тарихи тамаддуни чахон (Рисола), Абдучаббор Умаров, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
