Абдуғаффори Партав дар иншои ҳикоя, қисса ва роман сабку услуби бадеии хоси худро пайдо кардааст. Ӯ осори худро тавре ба қалам меорад ва аз печу тобҳои зиндагӣ мегузаронад, ки басо муассир, ҳаяҷоновар ва хотирмону ибратомӯз ба назар мерасанд.
«Иёр» романест аз боби муҳаббат, мушкилоти оила, ҷомеа, ҳирси сарвату дороӣ ва мубориза баҳри ноил шудан ба онҳо дар солҳои мудҳиши ҷангҳои шаҳрвандӣ. Муаллиф ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти одамӣ дар ҳолатҳои хушиву ҳаяҷоновар дахл карда, ҳирси молу чизпарастӣ, раҳму шафқат ва кинаву адоватро дар рӯзгори ҷангҳои шаҳрвандӣ ва солҳои гуногун ёдовар шуда, аз он ки одамиро ба куҷоҳо ва чӣ корҳое бурдаанд, қисса мекунад ва як навъ ҳушдор медиҳад, ки бадӣ фаромӯш намешавад.
Умед аст, китоби нави Партав мақбули хотири хонандаи гиромӣ хоҳад гашт.
Калидвожаҳо: Китоби Кадхудо (Пиёда, фарзин шав!) — хикояхо ва роман, Абдугаффори Партав, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
