Дар китоби мазкур аз таърихи пайдоиш, таҳаввул ва такомули хат дар ҷомеаи инсонӣ ҳикоят мекунад. Дар оғоз системаҳои гуногуни хат аз ибтидои пайдоиш то давраҳои такомулу густариш тасвир ёфтанд. Сипас маълумоти мухтасару фишурдае дар бораи хатҳое оварда мешавад, ки гузаштагони мо аз онҳо истифода карданд.
Китобчаи ҳозир, ки хонандагони арҷманд ба мутолиаи он шурӯъ мекунанд, аз таърихи пайдоиш, таҳаввул ва такомули хат дар ҷомеаи инсонӣ ҳикоят мекунад. Дар оғоз системаҳои гуногуни хат аз ибтидои пайдоиш то давраҳои такомулу густариш тасвир ёфтаанд. Сипас маълумоти мухтасару фишурдае дар бораи хатҳое оварда мешавад, ки гузаштагони мо аз онҳо истифода кардаанд. Ва ниҳоят, хати русӣ, ки имрӯз мо аз он истифода мебарем, ичмолан ба қалам омад.
Китобча соли 1979 чоп шуда буд. Чун мо китобчаро асосан барои дарсҳои факултативии мактабҳои миёна, ҳамчун маводи илова ба дарсҳои факултативии забони тоҷикӣ пешбинӣ карда будем, ба теъдоди хеле кам интишор ёфту зуд ҳам ноаёб гардид. Онро дар Афғонистон ҳам дар маҷаллаи вазорати таълиму тарбия «Ирфон» ва ҳам ба шакли китобчаи ҷудогона чоп кардаанд.
Ҳангоми омода кардан барои чопи тоза чанд саҳифа аз пайдоишу таҳаввули хатҳои арманиву гурҷӣ, аломатҳои китобат, ҳарфҳои калону хурд ва рақамҳои арабиву румӣ маълумот оварда шуд, зеро хатҳои арманиву гурҷӣ хатҳои қадимиву хосса ҳастанд, зеро таҳаввулу такомули аломатҳои китобат ва аҳамияти онҳо, пайдоиши ҳарфҳои калону хурд ва рақамҳо низ ҷолиби диққат буда, доираи дониши касро васеъ мегардонад.
Мебояд арз кард, ки муаллифон мутахассиси хат нестанд: яке адабиётшинос асту дигарӣ муаллим-рӯзноманигор. Ва маводи китобча аз бисёр мақолаву китобҳои хатшиносон фароҳам ва ба тартиб оварда шудааст.
Калидвожаҳо: Китоби Хат ва пайдоиши он, Ансор Афсахов, Хомид Каххоров, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
