
Китоби дарсӣ барои синфи 10-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри чорум.
Моддаҳои органикӣ пайвастаҳои як элемент – карбон мебошанд. Вале ба ин нигоҳ накарда, миқдори онҳо аз миқдори моддаҳои ғайриорганикӣ якчанд маротиба зиёдтар аст. Аз тарафи дигар, сохти моддаҳои органикӣ хеле мураккаб буда, дар мадди аввал донистанашаванда менамоянд. Бинобар ин, онҳоро ба таври механикӣ дар хотир нигоҳ доштан хеле душвор аст. Аммо баъзе онуниятҳо ва нуктаҳое ҳастанд, ки онҳо барои бо осонӣ аз худ намудани ин фан ёрӣ мерасонанд.
Муҳимтаринашон инҳоянд:
• донистани қонунҳои умумии химия, ки мо бо онҳо дар синфҳои 8 ва 9 шинос шуда будем;
• дуруст навиштан ва хонда тавонистани формулаҳои пайвастаҳои органикӣ, бо назардошти чорвалентӣ будани атоми карбон дар онҳо;
• донистани хусусияти хосси атоми карбон, пеш аз ҳама, тавассути бандҳои якчанда ( – ), дучанда ( = ) ва сечанда ( ≡ ) бо ҳамдигар пайваст шуда, занҷир ва ҳалқа ҳосил намудани он;
• донистани тарзҳои гуногуни навиштани формулаҳо (молекулавӣ, нимструктурӣ, структурӣ, графикӣ ва ғайра)-и пайвастаҳои органикӣ;
• донистан ва дар мавридҳои лозимӣ дуруст истифода бурдани назарияи сохти химиявии пайвастаҳои органикӣ;
• мукаммал аз худ намудани мавзуи «Карбоҳидрогенҳои ҳаднок», ки асоси химияи органикиро ташкил медиҳанд ва омӯзиши моддаҳои органикӣ маҳз аз ҳамин синф оғоз мегардад.
Китоб дар асоси «барномаи таълим ва нақшаи тақвимӣ аз фанни химия» (мураттибон: Бандаев С. Г., Бобизода Ғ. М., Солиев Л., Ҳакимхоҷаев С. Н., Иброҳимов Ҳ., Қиматов Р., Собиров М. М., Собиров Ҳ. М.; нашри с. 2018) омода гардидааст.
Калидвожаҳо: Китоби Химия. Химияи органики. Синфи 10, Гуломкодир Бобизода, Рустам Киматзода, Сирочиддин Бандаев, Убайд Зубайдов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)