Корманди фахрии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи якум Ёқубҷон Рӯзиев аз ҷумлаи собиқадорони ин мақомот буда, дар рафти фаъолияти меҳнатияш барбари кушодани мушкилтарии кӯргиреҳҳо, ба ҷанбаи дигари муҳими масъала – боло бурдани маърифати ҳуқуқии ҳамдиёрон хидмати босазоеро анҷом додааст. Дар ин китобча, ки аз навиштаҳои солҳои гуногуни ӯ мураттаб гардидааст, чанд очерку қиссаи мухтасараш ҷой ёфтаанд. Навиштаҳояш забони саддаву равон, сужети диққатҷалбкунанда дошта, маҳорати хуби ӯро дар соҳаи нигорандагӣ низ собит месозад.
Калидвожаҳо: Китоби Хотирахои муфаттиш (киссахо), Ёкубчон Рузиев, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
