Худомӯзи забони англисӣ. Н. Маликов

Муаллиф: Н. Маликов

Бахш: Илмӣ

Барчасп: Забони англисӣ

Ношир: Аниса-95

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Англисӣ, Тоҷикӣ

Соли нашр: 2016

Саҳифа: 192

Андоза: 5 МБ

Худомӯзи забони англисӣ. Англисӣ бидуни муаллим.


«Худомӯзи забони англисӣ» ҷанбаи умумии омӯзишӣ дошта, метавонад мавриди истифодаи донишчуёни мактабҳои оливу миёна ва коргарони касбу пешаи гуногун қарор гирад.


Густариши рӯзафзуни равобити фарҳангию иҷтимой ва иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо мамолики мухталифи дунё ба ҳар як фарди ҷумҳурии мо маълуму равшан аст. Дар ин чода забони англисӣ ҳамчун забони муштарак саҳми хеле чашмрасе дошта, боиси афзоиши иртиботи муттақобил миёни миллату халқиятҳои гуногуни олам мегардад. Зеро забони англисӣ имрӯз дар 12 мамлакати дунё ҳамчун забони якум, яъне чун забони расмӣ — давлатӣ, дар 33 мамлакат ҳамчун забони дуюм, яъне чун забони муоширати байни миллатҳо истифода шуда, дар 56 мамлакати дунё ҳамчун забони хориҷӣ омӯхта мешавад.

«Худомӯзи забони англисӣ» барои мутахассисони соҳаи мушаххас пешбинӣ нашудааст. Он ҷанбаи умумии омӯзишӣ дошта, метавонад мавриди истифодаи хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёнаву литсейҳо, донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва коргарони касбу пешаи гуногун қарор гирад. Инчунин ёдовар мешавем, ки ин китоб ҳамчун «худомӯз» аввалин бор ба хонандаи тоҷикзабон ба забони модариаш пешкаш мешавад. Бинобар ҳамин аз хонандагони арҷманд эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки агар норасоие дар китоб мушоҳида намоянд, аз роҳнамоӣ ба мо дареғ надоранд, то ки дар чопҳои баъдина ислоҳ гардад.


Калидвожаҳо: Китоби Худомузи забони англиси, Н. Маликов, бо забони англиси, точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)