Салими Хатлонӣ шоир ва муҳаққиқи сермаҳсулест, ки мақолоти зиёд ва кутубе чандро дар мавриди рӯзгор ва эҷодиёти шуаро ва орифоне чун Мавлонои Балхиву Аттору Саноиву Бедил ва дигар намояндагони адабиёти ирфонии тоҷик ба табъ расонида, дар робита ба осори Ҳофизи Шерозӣ низ китоби алоҳидаеро, иборат аз ҳафт суҳбат дар атрофи ҷанбаҳои ирфонии ашъори ӯ бо номи
“Аташсипори тариқат ва майгусори ҳақиқат” (Душанбе, “Матбуот”-2012) пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ гардонида буд.
Китоби манзур, ки унвонии “Киштинишастагонем!.. Киштишикастагонем!..”, ҳоло ба табъ мерасад, низ иборат бар ҳафт суҳбат ва, дар маҷмуъ назариёти тозаи шарҳдиҳандаи шоири нуктасанҷро дар робита бар кушоиши сирри нуҳуфта ва ба илтифот пешовардаи Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ дар ғазали “Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро…”, дар атрофи вожаи мармуз ва баҳсофарда, ки ба дурустӣ оё “киштинишастагонем” ва ё “киштишикастагонем” будани он ба муаммо табдил гардидааст, фароҳам овардааст, ки метавонад эҳдои арзишманди таҳлилӣ ва таҳқиқие барои ҳаводорони илму ирфон ва аҳли маънӣ бошад.
Калидвожаҳо: Китоби Киштинишастагонем!.. Киштишикастагонем!.., Салими Хатлони, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
