
Қонуни тиб: Иборат аз 5 китоб — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2005.
Китоби 5. Андар баёни доруҳои мураккаб (Қарободин).
«Конуни тиб»-и Абуалӣ ибни Сино маҷмӯи донишҳоро оиди тибби қадим ва асримиёнагӣ фаро гирифта, бо мушоҳидаҳои шахсӣ ва кашфиёти худи муаллиф такмилу инкишоф дода шудааст. Дар муддати қарнҳо ин китоб ҳамчун дастури ҳатмии рохнамои табибони Аврупо (то асри 18) ва Шарқ (то асри 20) хизмат карда, ба забонҳои лотинӣ, яхудӣ, англисӣ, олмонӣ, русӣ, ӯзбекӣ тарҷима гардидааст.
Китоби панчуми «Қонуни тиб»-и Абӯалӣ ибни Сино дар баёни доруҳои мураккаб буда, одатан ин бахши тибро «Қарободин» (Фармакопея) меноманд ва бинобар он ин китоб бо номи «Қарободин»-и Ал-Қонун низ маъруф аст. Китоби панҷум асосан аз се кисм иборат аст. Дар қиеми якум назарияи умумӣ оид ба доруҳои мураккаб, дар кисми дуввум доруҳои мураккаб аз рӯи тақсимоти навъй, таркибу тариқаи сохтан ва тарзи истифодабарии онҳо ва дар қисми севвум доруҳои мураккаби санҷидашуда аз рӯи таксимоти функционалӣ, яъне ба ҳасби ҳар як андоми тан ва бемориҳои онҳо оварда шудаанд. Дар охир анвоъи ченакҳои вазнии дар дорусозии он замон маъмул ва муодилоти онҳо ёд шудааст.
Калидвожаҳо: Китоби Конуни тиб (Ал-Конун). Китоби 5, Абуали ибни Сино, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)