Куллиёти Маъдун ул-ҳол. Мавлавӣ Ҷунунӣ

Муаллиф: Мавлавӣ Ҷунунӣ

Бахш: Адабиёти классикӣ, Исломӣ, Шеър

Ношир: Сафват

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2009

Саҳифа: 904

Андоза: 19 МБ

Cоли 1800 дар вилояти Қандаҳори Афғонистон дар оилаи Сайид Шоҳсоҳиб фарзанде ба дунё омад, ки бо гузашти айём дар соҳаи адабу ирфон бо эҷодиёти худ ба дараҷаи бузургтарини мардони замони худ расид. Номи аслии ин бузургвор Сайид Қаландар бини Шоҳ соҳиб буда, дар деҳаи Пушунги вилояти Қандаҳори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар хонадоне аз сайидоти аҳли тариқат ба дунё омадааст. Вай қисмати зиёди умри худро дар водии Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидааст. Китоби «Маъданул ҳол» аз ҷумлаи осори асосӣ ва номии ҳазрати Ҷунунӣ аст.

Чор дафтар шуд, китоби Маъданам,
То ки шамъи чор роҳ, равшан кунам.
Ҳам муносиб шуд ба табъи чаҳор ёр,
Ҳамду наъту васфи асҳоби кибор.
Ҳам ба вифқи чор мазҳаб кардамаш,
Файз гирад, аҳли ҳар чор аз дамаш.
Гардад ин то рубъи маскун раҳнамо,
Мерасонад норасоро бо Худо.
Ошиқон аз хонишаш мастонае,
Оқилон аз донишаш девонае.
Мухлисонро рӯҳафзоӣ кунад,
Аҳли дарду сӯзу шайдоӣ кунад.
Раҳнамои халқ баъд аз Мавлавӣ,
Маъданул ҳол аст, ганҷи маънавӣ.
Ин китоби аҳли дарду ошиқ аст,
На барои дидани ҳар фосиқ аст.


Калидвожаҳо: Китоби Куллиёти Маъдун ул-хол, Куллиёти Маьдун ул-хол, Куллиёти Мадун ул-хол, Мавлави Чунуни, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)