Устод Садриддин Айнӣ баробари осори асосии хеш, дар бораи миллати азиятдидаи мо ва мардумони дигари Осиёи Миёна чанд асари бадеии хубро махсус барои ҷавонон навиштааст. Аммо дар «Мактаби куҳна» эшон рузгори замони кӯдакиашонро тасвир намуда, мехоҳанд ҷавонони имруз фахмида бошанд, ки чи рӯзгори сахтро аз сар гузаронида буданд.
Чанд сухан барои ҷавонони босаодат
Фарзандони азизу меҳрубон! Устод Садриддин Айнӣ баробари осори асосии хеш, дар бораи миллати азиятдидаи мо ва мардумони дигари Осиёи Миёна чанд асари бадеии хешро махсус барои ҷавонон навиштаанд. Аммо дар «Мактаби кӯҳна» эшон рӯзгори замони кӯдакиашонро тасвир намуда, мехоҳанд ҷавонони имрӯз фаҳмида бошанд, ки чӣ рӯзгори сахтро дар ҷавонӣ аз сар гузаронида будаанд. Вале қатъи назар аз душвориҳои он замон бо рохнамоии падари хирадманди хеш, муаллимаи хушсалиқа ва дар натиҷаи кӯшиши шахсии хешу рохнамоии мардони некбини он замон, рафта-рафта ба мартабаҳои бузург расида тавонистанд.
Имрӯз дар Тоҷикистони азизи мо навҷавонон низ бо кӯшиши худ ва рохнамоии омӯзгорон имкон доранд, ки ба орзуҳои неки худ ва падару модарон расанд.
«Мактаби кӯҳна»-ро бодиққат хонед ва суханони душворашро аз омӯзгорон пурсед ва бубинед, ки кӯшиши шахсӣ ягона роҳест барои соҳиби савод гардидан ва ба ҳадафи хеш расидан. Устод гуфтаанд:
Биёед, эй рафиқон, дарс хонем,
Ба бекорию нодонӣ намонем.
Ба олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷавонони боҳушу ҷӯяндаи илму фарҳанг! Ман ба Шумо орзуҳои беҳтарини хешро тақдим намуда, хостори он ҳастам, ки ҳамаи Шумо бо кӯшишу ғайрати хеш ба ҳадаф ва мақсадҳои зебои худ расида тавонед.
Бо салом ва дурудҳои фаровон дӯсти ҳамешагии Шумо
Камолиддин Садриддинзода Айнӣ.
Калидвожаҳо: Китоби Мактаби кухна, Садриддин Айни, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
