Маснавии маънавӣ: Дафтари аввал ва дувум (Ахтарони адаб, 23). Ҷалолуддини Балхӣ

Муаллиф: Ҷалолуддини Балхӣ

Бахш: Адабиёти классикӣ, Назм

Барчасп: Ахтарони адаб, Маснавӣ

Ношир: Адиб, Истеъдод

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2013

Саҳифа: 480

Андоза: 1 МБ

Маснавии маънавӣ: Дафтари аввал ва дувум (Ахтарони Адаб, ҷилди 23). Ҳайати мушовара ва таҳририяи 50-ҷилдаи осори классикон ва муосирон аз силсилаи «Ахтарони Адаб». Бар асоси матни Р. Николсон ва муқобила бо нусхаҳои дигар. Таҳия, танзим ва баргардони матн: Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Баҳриддин Ализода ва Мубашшир Акбарзод.


Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ (30.09.2007 – 29.12.1273) аз барҷастатарин мутафаккирону орифон ва сермаҳсултарин адиби форсғтоҷик ба шумор рафта, бо мероси адибии пурқимати манзуму мансури худ дар пешрафти фарҳанги мардумони Машриқзамин, бахусус форситаборон, саҳми назаррасе дорад. Осори адабии ба баъдинагон меросмондаи ин адибу мутафаккири беназир дар «Девони кабир» ё «Куллиёти Шамси Табрезӣ» (беш аз ҷиҳил ҳазор байт), «Маснавии маънавӣ» (камобеш бисту шаш ҳазор байт), «Маҷолиси сабъа», «Фиҳи мо фиҳ» ва «Мактубот»-и ӯ ҷамъ омада, хушбахтона то ба имрӯз расидаанду дар хидмати ҷомиъа қарор доранд. Бо он ки тамоми осори Мавлоно дар мақоми баланди тафаккури инсониянд, боз ҳам пояи «Маснавии маънавӣ»-ро дар мавлавишиносӣ арҷ гузоштаанд ва атрофи он бештар андешаҳои илмию пажӯҳишӣ радду бадал гардида, имрӯз «Маснавӣ» дар Шарқу Ғарб хонандаи ҳушманди мутааддидеро атрофи худ ҷамъ овардааст.

Аз нигоҳи мухлисони пешину муҳаққиқин ва аҳли адаби муосир ҳамчун асари саршори афкори бикру андешаҳои тозаи инсондӯстона ва озодманишона дар таърихи тамаддуни форстоҷик, ислом ва ҷаҳон мақоми баланду шойистаро ишғол намудани «Маснавии маънавӣ» ва бо Қуръони азимушшаън дар муқоиса гузоштани он аз эътирофу таъкиди бузургии мақоми мусаннифу осори муассири рӯҳбахши ӯ башорат медиҳанд. Ҳанӯз адибу донишманди аҳди Сафавиҳо Шайх Баҳоуддини Омулӣ (1547 – 1622м.) ба «Маснавии маънавӣ» ин баҳои баландро арзонӣ дошта, гуфта буд:

Ман намегӯям, ки он олиҷаноб
Ҳаст пайғамбар, вале дорад Китоб.
«Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ
Ҳаст Қуръоне ба лафзи паҳлавӣ.


Бишнав аз най, чун ҳикоят мекунад,
Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад,

К-аз найистон то маро бибридаанд,
Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Сина хоҳам, шарҳа–шарҳа аз фироқ,
То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ.

Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.

Ман ба ҳар ҷамъийяте нолон шудам,
Ҷуфти бадҳолону хушҳолон шудам.

Ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман,
Аз даруни ман наҷуст асрори ман.

Сирри ман аз нолаи ман дур нест,
Лек чашму гӯшро он нур нест.

Тан зи ҷону ҷон зи тан мастур нест,
Лек касро диди ҷон дастур нест.

Оташ аст ин бонги нойу нест бод,
Ҳар кӣ ин оташ надорад, нест бод!

Оташи ишқ аст, к-андар най фитод,
Ҷӯшиши ишқ аст, к-андар май фитод.

Най ҳарифи ҳар кӣ аз ёре бурид,
Пардаҳояш пардаҳои мо дарид.

Ҳамчу най заҳреву тарёқе кӣ дид?
Ҳамчу най дамсозу муштоқе кӣ дид?

Най ҳадиси роҳи пурхун мекунад,
Қиссаҳои ишқи Маҷнун мекунад.

Маҳрами ин ҳуш ҷуз беҳуш нест,
Мар забонро муштарӣ ҷуз гӯш нест.

Дар ғами мо рӯзҳо бегоҳ шуд,
Рӯзҳо бо сӯзҳо ҳамроҳ шуд.

Рӯзҳо гар рафт, гӯ: «Рав, бок нест,
Ту бимон, эй он ки чун ту пок нест».

Ҳар кӣ ҷуз моҳӣ, зи обаш сер шуд,
Ҳар кӣ берӯзист, рӯзаш дер шуд.

Дарнаёбад ҳоли пухта ҳеч хом,
Пас, сухан кӯтоҳ бояд, вассалом!

Банд бигсил, бош озод, эй писар!
Чанд бошӣ банди симу банди зар?

Гар бирезӣ баҳрро дар кӯзае,
Чанд гунҷад? Қисмати якрӯзае.


Калидвожаҳо: Китоби Маснавии маънави: Дафтари аввал ва дувум (Ахтарони адаб, 23), Маснавии маьнави: Дафтари аввал ва дувум (Ахтарони адаб, 23), Маснавии манави: Дафтари аввал ва дувум (Ахтарони адаб, 23), Чалолуддини Балхи, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)