Маснавии маънавӣ: Дафтари панҷум ва шашум (Ахтарони адаб, 25). Ҷалолуддини Балхӣ

Муаллиф: Ҷалолуддини Балхӣ

Бахш: Адабиёти классикӣ, Назм

Барчасп: Ахтарони адаб, Маснавӣ

Ношир: Адиб, Истеъдод

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2013

Саҳифа: 480

Андоза: 1 МБ

Маснавии маънавӣ: Дафтари панҷум ва шашум (Ахтарони Адаб, ҷилди 25). Ҳайати мушовара ва таҳририяи 50-ҷилдаи осори классикон ва муосирон аз силсилаи «Ахтарони Адаб». Бар асоси матни Р. Николсон ва муқобила бо нусхаҳои дигар. Таҳия, танзим ва баргардони матн: Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Баҳриддин Ализода ва Мубашшир Акбарзод.


Ин муҷаллади панҷум аст аз дафтарҳои «Маснавӣ» ва табёни маънавӣ, дар баёни он ки шариъат ҳамчу шамъ аст, раҳ менамояд ва бе он ки шамъ ба даст оварӣ, роҳ рафта нашавад ва чун дар роҳ омадӣ, он рафтани ту тариқат аст ва чун расидӣ ба мақсуд, он ҳақиқат аст ва ҷиҳати ин гуфтаанд, ки: «Лав заҳарати-л-ҳақойиқу ба-талати-ш-шаройиъу» ҳамчунон ки мис зар шавад ва ё худ аз асл зар бувад, ӯро на илми кимиё ҳоҷат аст, ки он шариат аст ва на худро дар кимиё молидан, ки он та-риқат аст, чунонки гуфтаанд: «Талабу-д-далели баъда-л-вусули ила-л-мадлули мазмумун». Ҳосил он ки шариат ҳамчун илми кимиё омӯхтан аст аз устод ё аз китоб ва тариқат истеъмол кардани доруҳо ва мисро дар кимиё молидан аст ва ҳақиқат зар шудани мис…

Шаҳ Ҳусомуддин, ки нури анҷум аст,
Толиби оғози сифри панҷум аст.

Эй Зиёулҳақ Ҳусомуддини род,
Устодони сафоро устод.

Гар набудӣ халқ маҳҷубу касиф
В-ар набудӣ ҳалқҳо тангу заъиф,

Дар мадеҳат доди маънӣ додаме,
Ғайри ин мантиқ лабе бигшодаме.

Лек луқмай боз они саъва нест,
Чора акнун обу равған карданест.

Мадҳи ту ҳайф аст бо зиндониён,
Гӯям андар маҷмаъи рӯҳониён.

Шарҳи ту ғабн аст бо аҳли ҷаҳон,
Ҳамчу рози ишқ дорам дар ниҳон.

Мадҳ таъриф асту тахриқи ҳиҷоб,
Фориғ аст аз шарҳу таъриф офтоб.

Модиҳи хуршед маддоҳи х(в)ад аст,
Ки ду чашмам равшану номурмад аст.

Замми хуршеди ҷаҳон замми х(в)ад аст,
Ки ду чашмам кӯру торику бад аст.

Ту бибахшо бар касе, к-андар ҷаҳон
Шуд ҳасуди офтоби комрон.

Тонадаш пӯшид ҳеч аз дидаҳо?
В-аз тароват додани пӯсидаҳо.

Ё зи нури беҳадаш тонанд кост?
Ё ба дафъи ҷоҳи ӯ тонанд хост?

Ҳар касе, к-ӯ ҳосиди геҳон бувад,
Он ҳасад худ марги ҷовидон бувад.

Қадри ту бигзашт аз дарки уқул,
Ақл андар шарҳи ту шуд булфузул.

Гарчи оҷиз омад ин ақл аз баён,
Оҷизона ҷунбише бояд дар он.

«Инна шайъан куллуҳу ло юдраку,
Иъламу ан куллаҳу ло ютраку».

Гар натонӣ хӯрд тӯфони саҳоб,
Кай тавон кардан ба тарки хӯрди об.

Розро гар менаёрӣ дар миён,
Даркҳоро тоза кун аз қишри он.

Нутқҳо нисбат ба ту қишр аст, лек
Пеши дигар фаҳмҳо мағз аст нек.


Калидвожаҳо: Китоби Маснавии маънави: Дафтари панчум ва шашум (Ахтарони адаб, 25), Маснавии маьнави: Дафтари панчум ва шашум (Ахтарони адаб, 25), Маснавии манави: Дафтари панчум ва шашум (Ахтарони адаб, 25), Чалолуддини Балхи, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)