Нашри дувуми кириллӣ бо тасҳеҳ ва кӯшиши Дорои Дӯст ва Фарҳоди Карим.
Китоби «Масъуд ва озодӣ» достони зиндагии сипаҳсолори бузург Аҳмадшоҳи Масъудро – ҳамтабори номвари моро ҳикоят мекунад, достони марде, ки дар ӯ шуҷоати аъло ва хиради амалӣ сахт омезиш ёфта буд.
Аҳмадшоҳи Масъуд дар набард бо лашкари сурху лашкари сиёҳ шӯҳрати ҷаҳонӣ касб кард ва рамзи озодӣ гардид. Ӯ ба дурустии роҳе, ки баргузида буд, бовар дошт ва савганд хӯрда буд, ки агар дар корзор як тан ҳам бимонад, хоҳад размид. Аҳмадшоҳи Масъуд бештар аз сӣ соли умри азизи худро барои ормонҳои баланд сарф кард ва ранҷи ҳастигудози як миллатро ба танҳоӣ ва бе ҳеҷ дудилӣ ё пушаймонӣ кашид. Ӯ ба такрор мегуфт: «Ҳама кас зиндагӣ мекунад. Муҳим ин аст, ки чӣ гуна зиндагӣ мекунӣ!»
Корномаи Аҳмадшоҳи Масъуд бузургтарин дарсномаи озодагони ҳамаи рӯзгорон аст.
Калидвожаҳо: Китоби Масъуд ва озоди. Ёддошт аз зиндагию набарди Ахмадшохи Масъуд, Масьуд ва озоди. Ёддошт аз зиндагию набарди Ахмадшохи Масьуд, Масуд ва озоди. Ёддошт аз зиндагию набарди Ахмадшохи Масуд, Солехмухаммади Регистони, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
