Математика. Синфи 4. Аҳсанбону Ҳамидова ва дигарон

Математика. Китоби дарсӣ барои синфи 4-ум. – Нашри чорум


Хонандаи азиз! Ту имсол омӯзиши математикаро идома медиҳӣ. Дар баробари шиносоӣ бо мафҳум ва истилоҳоти нав дониши дар синфҳои 1-3 андӯхтаатро пурратар месозӣ. Дар ин кори масъулиятнок ин китоби дарсӣ то қадре ба ту кумак мерасонад.

Ҳангоми истифодаи китоб, пеш аз ҳама, ба аломатҳои ёрирасони он аҳаммият диҳед. Аломатҳои ёрирасон ба шумо ҳамчун роҳнамо хизмат мекунанд. Ҳар як бахш ва фаъолиятҳо бо аломатҳои ёрирасони махсус ишора шудааст. Аз саҳифаи 4-уми китоб ба аломатҳои ёрирасон ва мазмуни онҳо бодиққат шинос шавед. Зеро ҳангоми кор бо китоб шумо аз онҳо истифода мебаред.

Математика дар пайдоиш ва инкишофи фаъолияти пайдарҳамии хонандагон нақши назаррас мебозад.

Ҳар як мавзӯи китоб аз бахшҳои назариявӣ, амалӣ ва масъалаҳои гуногун тартиб дода шудааст. Омӯзгор метавонад дараҷаи тайёрии синфро ба эътибор гирифта, супоришҳоро иҷро намояд.

Дар охири ҳар як боб бо мақсади санҷидан, пурра намудан ва ба система даровардани донишҳо бахшҳои «Худро санҷед!» ва «Супоришҳои тестӣ» оварда шудааст, ки мафҳумҳои асосии бобро дар бар мегиранд.

Дар бахшҳои «Худро санҷед!» ва «Супоришҳои тестӣ» шумо бо саволу супоришҳо кор карда, дониши андӯхтаи худро оид ба мавзӯъ месанҷед ва мефаҳмед, ки то чӣ андоза бобро азхуд кардаед. Ҳангоми иҷрои тестҳо дар китоб хат накашед. Ҷавобҳоро дар дафтаратон қайд кунед.

Ба бахшҳои «Худро санҷед!» ва «Супоришҳои тестӣ» дар охири ҳар боб як дарс ҷудо шудааст.

Падару модарон низ метавонанд донишу маҳорати фарзанди худро аз рӯйи бахшҳои дар охири ҳар як боб овардашуда санҷанд ва назорат кунанд.

Дар охири китоб такрор, маълумотнома, бозиҳои математикӣ, маълумоти мухтасари таърихӣ, ҷавобҳои мисолу масъалаҳо ва калиди тестҳо ҷойгир шудаанд.

БАРОИ АЗХУД КАРДАНИ ДОНИШҲОИ НАВ БА ШУМО БАРОР МЕХОҲЕМ!

Муаллифон


Калидвожаҳо: Китоби Математика. Синфи 4, Ахсанбону Хамидова, Давлатшо Назаров, Шарифгул Бобоева, Эрач Чонмирзоев, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)