
Китоби дарсӣ барои синфи 5-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.
Дӯсти ҷавон! Ту имсол омӯзиши математикаро идома медиҳӣ. Дар баробари шиносоӣ бо мафҳум ва истилоҳоти нав дониши дар синфҳои ибтидоӣ андӯхтаатро пурратар месозӣ. Дар пайраҳаи пурпечутоби дониш қадами навбатӣ мегузорӣ. Дар ин кори масъулиятнок ин китоби дарсӣ ёру мададгори ту гардад.
Ҳар як мавзӯи китоб аз қисмҳои назариявӣ, амалӣ ва машқҳо барои такрори мавзӯъҳои гузашта иборат аст.
Супоришҳои қисми амалӣ ба се гурӯҳ ҷудо шудаанд.
Супоришҳои гурӯҳи аввал барои дар синф иҷро кардан пешниҳод мешаванд. Онҳо аз назария бо як хат ҷудо шудаанд. Супоришҳои гурӯҳи дуюм барои дар хона иҷро кардан тавсия дода мешаванд. Онҳо аз гурӯҳи аввал бо ду хат ҷудо карда шудаанд. Супоришҳое, ки барои бедор кардани завқи донишомӯзии хонанда, барои машғулиятҳои беруназдарсӣ ва дарсҳои иловагӣ пешниҳод шудаанд, ба гурӯҳи сеюм дохил гардидаанд. Онҳо аз супоришҳои гурӯҳи дуюм бо се хат ҷудо карда шудаанд.
Албатта, ин ҷудокунӣ шартист ва омӯзгор метавонад дараҷаи тайёрии синфро ба эътибор гирифта, баъзе аз супоришҳои гурӯҳи якумро бо супоришҳои гурӯҳи дуюм ё супоришҳои гурӯҳи дуюмро бо супоришҳои гурӯҳи сеюм иваз намояд.
Дар анҷоми ҳар як параграф тест, инчунин, супоришҳои иловагӣ барои кори мустақилона ҷой дода шудаанд.
Дар охири китоб ҷавобҳои мисолу масъалаҳо, инчунин, ҷавоб — нишондод ё ҳалли супоришҳои нисбатан мушкил оварда шудаанд.
Дар омӯзиши ин фан бароятон комёбиҳо таманно дорем.
Муаллиф
Калидвожаҳо: Китоби Математика. Синфи 5, Асадулло Шарифзода, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)