
Китоби дарсӣ барои синфи 6-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри панҷум бо тағйиру иловаҳо.
Барои хубтар дастрас намудани маводи таълимӣ китоб ба бобҳо ҷудо карда шуда, мавзӯъҳо низ бо рақами бобҳо мувофиқ карда шудаанд. Дар ҳар боб тест ва супоришҳои барои иҷрои корҳои санҷишӣ пешниҳодшуда ду рақам доранд: рақами аввал тартиби ҷойгиршавии боб ва рақами дуюм тартиби мавзӯъ ё супоришро дар ин боб ифода менамоянд.
Дар нашри нави китоб салоҳиятҳои ҳатмии таълим ворид карда шуданд. Яъне дар анҷоми ҳар боб барои тафтиши малакаю маҳорати ҳосилкардаи хонанда саволномаи «Чиро ёд гирифтед» ворид шудааст.
Бо мақсади бо барномаи таълим мувофиқ омадани мавзӯъҳои китоб дар охири он бобҳои VIII ва IХ илова карда шудаанд. Боби VIII барои дар синфҳои боло хубтару пурратар навиштану хонда тавонистани формулаҳо ва ифодаҳои математикӣ мусоидат хоҳад кард. Боби IХ давоми мантиқии мавзӯъҳои синфи 6-ум ба шумор меравад ва барои омӯзиши мавзӯъҳои синфҳои боло, омода сохтани хонандагон ба озмунҳо ва олимпиадаҳои математикӣ мусоидат хоҳанд кард.
Дархости омӯзгоронро ба эътибор гирифта, шумораи корҳои санҷишӣ ва тестиро зиёд ва корҳои мустақилонаро камтар кардем, ки ин талаби айём аст. Дар охири ҳар боб аз таърихи математика маълумоти мухтасар ҷойгир карда шудааст.
Дар нашри панҷум пас аз ҳар боб супоришҳои тестӣ ва корҳои санҷиширо мутобиқ ба барномаи амалкунандаи таълим илова кардаем, ки онҳо метавонанд баҳри ба таври муназзам ба роҳ мондани корҳои мустақилонаи хонандагон мусоидат кунанд.
Мавзӯъҳои «Масъалаҳо барои такрор», «Аз фолклори математикӣ», «Масъалаҳои шавқовар» ва «Масъалаҳои ҳаллашон мушкил» ба охири китоб гузаронида шуда, дар шакли «Боби иловаҳо» ҷойгир карда шудаанд.
Ҳамаи мавзӯъҳои китоб бо супоришҳо ва машқҳо пурра карда шудаанд.
(А. Шарифзода )
Калидвожаҳо: Китоби Математика. Синфи 6, Асадулло Шарифзода, Нарзулло Кодиров, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)