
ТОҶНОМА. Силсилаи Тоҷикон дар масири тамаддун.
Қадру қиммати осори бостонии хаттӣ, археологӣ, кишоварзӣ, меъморӣ ва тамоми гунаҳои дигари тамаддуни ориёӣ, ки моли пешгузаштагони номовари мо мебошанд, дар матни тамаддуни ҷаҳонӣ мусаллам ва мӯътабар аст.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин матлаб Маркази тоҷикшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки маъхазҳои дасти аввали таърихиву адабиро, ки аз аҳди бостон ба забонҳои гуногун ба ёдгор мондааст, ҷамъовариву тадвин намояд ва ба ихтиёри хонандагони гиромӣ гузорад. Дар ин замина тарҷумаи китоби муқаддаси Авасто ба нашр расонида шуд. Осори арзишманде, ки муҳтавои ин ҷилд ва ҷилди ояндаро фароҳам овардаанд, маҷмуаи нисбатан мукаммали ёдгориҳои хаттии ниёгони мо дар аҳди бостон маҳсуб мешаванд. Сарчашмаҳои таърихие, ки ба забонҳои юнонӣ, ҳиндӣ, чинӣ, арабӣ ва ғайра таълиф шуда, роҷеъ ба ин тамаддуни ҷаҳонафрӯзи бостонӣ матолиб ва мадорики муҳимро дар бар гирифтаанд, ҳамчунин осоре, ки аслан аз байн рафта, тарҷумаашон ба ин забонҳо маҳфуз мондааст, асоси ҷилдҳои оянда хоҳад буд.
Маълум аст, ки ба тамомӣ тадқиқу таҳқиқ кардани осори бостонии аҷдоди мо қаблан мушкилиҳое дошт, ки аз ҳама асосиаш надоштани истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон буд. Аз файзу шарофати истиқлоли сиёсӣ акнун шароит муҳайё шуд, ки мо ҷиддан ба тадқиқи осори тоисломӣ машғул шавем.
Калидвожаҳо: Китоби Мероси хаттии бостон, Бобо-Назар Гафор, Муаззами Диловар, Мухтарам Хотам, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)