Аз англисӣ тарҷумаи Усмоналӣ Латифӣ. Муҳаррир Муҳтарам Ҳотам. Мушовир Азиз Нақибзод.
Ҷорҷ Оруэлл. Саройи чорпоён (Молхона). Нашри дуюм. Қисса.
Баъзан танҳо тавассути асарҳои ҳаҷвӣ ва ё фантастики нависандагон метавонанд фикру ақидаи худро ба мардум расонанд. Чунин услубро нависандаи маъруфи англис, Ҷорҷ Оруэлл дар асари «Саройи чорпоён» истифода бурдааст. Гарчанде ки ин асар ҳаҷвӣ бошад ҳам, дар асл он масъалаҳои олами воқеиро инъикос мекунад ва он бо шеваи хеле равону содда навишта шуда, дар баъзе лаҳзаҳо табассуми хонандаро ба вуҷуд меоварад, дар баъзе ҳолатҳои дигар хеле ҳам ғамангез мебошад.
Китоби мазкур дар бораи як хоҷагии ғайриоддӣ, ки дар он ҳайвоноти сухангӯ зиндагӣ менамоянд, нақл мекунад. Онҳо рӯзе табаддулот карда, аз хоҷагӣ одамонро ронданд ва хостанд, ки ҷаҳони наверо бо равиши нави зиндагӣ барпо кунанд. Онҳо мехостанд ҳама баробар бошанд ва ба назарашон чунин мерасид, ки ҳама чизро ба инобат гирифтаанд, вале оҳиста-оҳиста маълум шуд, ки ҷомеаи онҳо ба ду қисм: ба афроди дар сари қудрат буда ва афроди итоаткор тақсим шудааст.
Калидвожаҳо: Китоби Саройи чорпоён (Молхона), Чорч Оруел, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
