
Матни комили “Саҳеҳи Бухорӣ” ба таври фишурда
Саросар ҷумла олам пурҳадис аст,
Ҳадисе чун ҳадиси Мустафо ку?
Худованди мутаъол дар Қуръони карим мефармояд: «Ба сӯйи ту (эй Муҳаммад) китоб (Қуръонро)-ро фуруд овардем, то он чиро ки фуруд омада, барои мардум баён намоӣ. Шояд ки онҳо биандешанд» (Сураи «Наҳл», ояи 44).
Ҳамчунин, Ҳақ таъоло дар чандин ояҳои қуръонӣ ба Расули акрам (с) амр менамояд, то барои мардум ояҳои фурудовардаи Қуръонро бихонаду шарҳу тавзеҳ диҳад.
Албатта, ҳамаи тавзеҳоти қавлию амалӣ ва таъйидоти Паёмбари Худо (с) -ро суннат ё ҳадис меноманд.
Бинобар ин, суннат ё ҳадиси Паёмбар (с) на танҳо дувумин манбаи дини ислом аст, балки истифода аз манбаи аввал, яъне Қуръони карим низ ба ҳадис ва суннати набавӣ сахт бастагӣ дорад. Зеро Қуръони карим ба мусалмонон дастур дода, ки намоз бихонанд, закот бидиҳанд, ҳаҷро ба ҷо оваранд, дар қазоватҳо одилона рафтор намоянд, дар бораи вақтҳои намозҳо, миқдор ва чӣ тавр хондани онҳо, дар мавриди муаяйн кардани молҳои закот, миқдори он, андозаи нисоби закот, дар бораи чӣ тавр ба роҳ мондани қазовати одилона, чигунагию андозаи муҷозотҳо ва бисёр масоили марбут ба аҳволи фардӣ, равобити иҷтимоӣ ва байналмилалӣ дар ояҳои Қуръон шарҳу баёни васеъ нест, балки Паёмбар (с) ба ҳукми ояии 44-уми сураи «Наҳл» маъмур гардидааст, ки бо қавл, феъл ва таъйидоти худ (ҳадис ва суннат) ин матолиб ва мавзӯъҳои ба онҳо монандро баён намояд. Аз гуфтаҳои боло ин нуктаҳоро метавон хулосагирӣ намуд:
1.Бар асоси нусус ва шавоҳиди Қуръон Паёмбари Худо (с) шореҳ ва муаллими Қуръон ҳастанд.
2.Ҳамчунон ки он Ҳазрат (с) матни Қуръонро ба мардум мерасониданд, онро шарҳу тавзеҳ низ медоданд.
3.Ҳифзу бақои шарҳу тавзеҳоти Паёмбар (с) роҷеъ ба Қуръон монади ҳифзу бақои худи Қуръон лозим ва зарур аст.
Боиси хушҳолист, ки баъди соҳибистиқол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми он ба арзишҳои миллӣ ва исломӣ рӯй оварда истодаанд ва саъю талош доранд ҳамон холигоҳи динӣ ва эътиқодие, ки бар асари сиёсати динзудоии замони Шӯравӣ ба вуҷуд омада буд, пур намоянд.
Калидвожаҳо: Китоби Мухтасари Сахехи Бухори, Зайнуддин Ахмад Зубайди, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)