Мунтахаби осор (Рисолаи Дилкушо, Ғазалиёт …) — Ахтарони адаб, 28. Убайди Зоконӣ

Муаллиф: Убайди Зоконӣ

Бахш: Адабиёти классикӣ

Барчасп: Ахтарони адаб

Ношир: Адиб, Илм

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2016

Андоза: 2 МБ

Убайди Зоконӣ. Мунтахаби осор. (Ахтарони Адаб, ҷилди 28). Таҳияву тадвини матн аз Музаффар Холов ва Шариф Исрофилниё. Муҳаррир Муҳтарам Ҳотам.


Адабиёти форсии тоҷикӣ дар бағали худ суханварони зиёдеро парварида ба фарҳанги ҷаҳон тақдим намудааст, ки ҳам акнун яке бештар ва дигаре камтар дар байни мардумамон шуҳратёр гардидаанд. Ин, албатта, ба маҳорати эҷодии ҳар кадоми онҳо вобастагӣ дорад, ки дар ин замина мақом ва ҷойгоҳашон дар адабиёт муайян мегардад. Чун дар ин мақола сухан аз шоир ва нависандаи давраи классикии адабиёти форсии тоҷикӣ Убайди Зоконӣ (1270-80 — 1371м.) меравад, дар навбати аввал осори ба меросмондаи ӯ пеши назар меояд, зери асари ин ё он адиб, вобаста ба қимати адабию бадеиаш, ба номи эҷодкор эътибору эҳтиром меафзояд. Агар аз ҳамин зовия ба мероси адабии Убайди Зоконӣ назари иҷмолӣ андозем, пас баҳои адабиётшиноси варзидаи тоҷик Холиқ Мирзозода ба ин адиб бамаврид аст, ки иқтибос шавад.

Ӯ навишта буд: «Аз нависандагон ва шоирони давраи классикӣ бештар асарҳои Убайди Зоконӣ дар жанр ва шаклҳои гуногун эҷод шудааст. Ҳарчанд ки ӯ дар боби панд, ишқ ва мадҳ каломи бомаҳорате дорад, вале ҳаҷв равияи хоссаи эҷодиёти ӯст. Аз ин рӯ Убайди Зоконӣ дар таърихи адабиётамон мисли Фирдавсӣ, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон соҳиби равияи хоси адабӣ мебошад». (Х. Мирзозода. Таърихи адабиёти тоҷик. Китоби 2 — Душанбе; Маориф. 1977, С. 209). Пас, месазад, ки имрӯз ба рӯзгори сипаришуда ва мероси адабии ӯ чун номбаршудагон таваҷҷуҳ намоем, дар қатори саромадони адабиётамон аз Мавсуф ном барем, аз осори гаронмояааш суд ҷӯему баҳраҳо бардорем.


Калидвожаҳо: Китоби Мунтахаби осор (Рисолаи Дилкушо, Газалиёт …) — Ахтарони адаб, 28, Убайди Зокони, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)