Мунтахаби ғазалиёт. Фахриддини Ироқӣ

Муаллиф: Фахриддини Ироқӣ

Бахш: Адабиёти классикӣ, Шеър

Барчасп: Ғазалиёт

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2004

Саҳифа: 142

Андоза: 8 МБ

Фахриддин Иброҳим бинни Шаҳриёр Ироқии Ҳамадонӣ дар нимаи аввали асри ХIII зиндагӣ ва эҷод карда, мувофиқи ахбороти сарчашмаҳо таваллуди ӯ ба соли 604/1207 рост меояд. Зодгоҳи ӯ шаҳри Ҳамадон. Бино ба гуфти муҳаққиқон ӯ дар соли 688 ҳиҷрӣ (1289) дар шаҳри Димишқ вафот кардааст. Осори боқимондаи Ироқиро девони ғазалиёту рубоиёт ва ҳикоёт, маснавии хурде бо номи «Ушшоқнома» ва китоби фалсафию ирфонии «Ламаъот» ташкил медиҳанд. Ироқӣ дар таърихи ғазалсароӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ аз шуарои бузурги сӯфимашраб будааст.

Дар ин маҷмӯа як саду бист ғазали равону пурмӯҳтавои шоир аз девонаш гулчин шудааст.


Калидвожаҳо: Китоби Мунтахаби газалиёт, Фахриддини Ироки, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)