Нақшакашӣ. Синфи 8-9. Сафаралӣ Гадоев, Тухта Ҷӯраев

Муаллифон: Сафаралӣ Гадоев, Тухта Ҷӯраев

Бахш: Китобҳои дарсӣ / Синфи 8, Синфи 9

Барчасп: Нақшакашӣ

Ношир: Маориф, Нушбод

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2021

Саҳифа: 240

Андоза: 18 МБ

Китоби дарсӣ барои синфҳои 8-9-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ. Нашри чорум.


Дар дарсҳои нақша шумо бо асосҳои назариявии сохтани тасвирҳои гуногун, алалхусус бо қоидаҳои кашидан ва тартиб додану хондан (фаҳмидан)-и нақшаҳо шинос мешавед. Тарзҳои бо афзору асбобҳои нақшакашӣ кор карданро ёд мегиред, усулҳои бо даст (бе афзор) иҷро кардани нақшаҳоро аз худ мекунед. Хондану сохтани нақшаҳо тасаввуроти фазоии шуморо инкишоф медиҳад, ба таҳлилу муқоиса кардани шаклҳои гуногун ва барои тасвирҳои онҳоро хондан кумак мерасонад. Ғайр аз ин, нақшакашӣ ба мустақилу дақиқкор шудан ва инкишофи тафаккури техникии шумо мусоидат менамояд.

Дар дарсҳои нақша шумо инчунин ба татбиқи нақшаҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, бо баъзе маълумоти дорои хусусиятҳои истеҳсолию техникӣ шинос мешавед, истифодаи адабиёту маълумотномаҳои техникии гуногунро ёд мегиред. Дониши андӯхтаи шумо аз дарсҳои нақша дар омӯзиши фанҳои дигар низ ба кор меояд. Нақша фанҳои дақиқро бо аёният (тасвир) таъмин мекунад. Нақшаҳо ҳангоми омӯзиши математика, геометрия, география ва таълими меҳнат заруранд. Барои санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ ҳам ташаккулу инкишофи тасаввуроти фазоӣ, таҳлили шаклу сохт, андозаю таносуби ҷисмҳо ва тасвири онҳо вазифаҳои умумианд.

Нақшакашӣ дар омӯзишгоҳ, литсей ва коллеҷҳои техникӣ, донишкада ва донишгоҳҳои техникӣ ҳам омӯхта мешавад. Дониш ва малакае, ки дар мактаб аз нақшакашӣ мегиред, ҳангоми таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо ба шумо кумак мерасонад.

Нақшакашии мошинӣ (компютерӣ), ки миёнаҳои асри ХХба вуҷуд омад, ҳоло ба яке аз қисмҳои муҳимми автоматикунонии лоиҳакашӣ табдил ёфт ва ба таври куллӣ онро тағйир дод. Аз ин лиҳоз, ба китоб боби нав – «Нақшакашии компютерӣ» (саҳ. 189-202), матн ба саҳ. 7, 8 илова, инчунин баъзе нақшаҳо равшан тасвир ёфта, тағйир ё такмил дода шуданд (саҳ. 21, 74, 4, 7, 92, 113, 144, 172, 198, 205б, 212 а, б, в, г ва ғ.).


Калидвожаҳо: Китоби Накшакаши. Синфи 8-9, Сафарали Гадоев, Тухта Чураев, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)