
Аз хатти форсӣ таҳия ва тасҳеҳи Мубашшир Акбарзод
“Аз бозе, ки вақоъеро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳру Туркистон, чунон ки як қавми муаззам ба номи «тоҷик» ё ки «тозик» истиқомат дорад, ҳамчунон забону адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст. Ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳру Туркистон махсус ба асре ё тасаллути подшоҳеву амире нест…».
Як пора аз сарсухани Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ ба китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро иқтибос овардем.
«Намунаи адабиёти тоҷик» асарест, ки бо нашри он устод Айнй адабиёти тоҷикиро ба оламиён муаррифӣ намуд. Ин асар дар таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши намоёне дошт ва имрӯз ҳам аҳаммияти таърихии худро хифз кардааст.
Азбаски чопи аввали «Намунаи адабиёти точик» (1926) ба хатти форсӣ сурат ёфтаву мамнуъ гардида буд ва алоқамандони каломи бадеъ аз мутолиаи он маҳрум монданд. Хушбахтона, ин китоби таърихӣ бори аввал ба хатти кириллӣ ба чоп мерасад.
Умедворем, ки ин асар писанди хотири ҳаводорони адабиёт мегардад.
Калидвожаҳо: Китоби Намунаи адабиёти точик, Садриддин Айни, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)