Намунаи фолклори диёри Рӯдакӣ. Муҳаммад Шукуров, Раҷаб Амонов

Муаллифон: Муҳаммад Шукуров, Раҷаб Амонов

Бахш: Адабиёти муосир, Қисса

Барчасп: Фолклор

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 1958

Саҳифа: 232

Андоза: 9 МБ

Эҷодиёти даҳанакии ҳамдиёрони Рӯдакӣ тақрибан ҳамаи жанрҳои маълуми фольклори тоҷикро фаро гирифтааст. Дар ин маҳал ҳам нақлу ривоят, ҳикояту афсона ва ҳам намудҳои гуногуни назм: байту рубоӣ, ғазалу мухаммас, суруду тарона, бадеҳаю дубайта ва инчунин чистону мақолу зарбулмасал маълум аст. Назми даҳанакии ин халқ, чи аз ҷиҳати шакл ва чи аз ҷиҳати мавзӯю мазмуни худ бо адабиёти китобатӣ хеле наздик аст. Умуман аҳолии ин минтақа аз адабиёти хаттӣ хабардор аст. Дар ин китоб намунаи ҳар яке аз жанрҳои зикршудаи фольклори ин диёр оварда шудааст. Бо хондани ин китоб кас дар ҳақиқат боварӣ ҳосил мекунад, ки бошандагони ин диёр на танҳо давомдиҳанда ва пайрави Рӯдакӣ мебошанд, балки хонанда ва донандаи ҳама гуна осори ирфонии тоҷиканд, ки маъно ва мазмуни суханони онҳо аз суханони бузургонамон камӣ надорад.


Калидвожаҳо: Китоби Намунаи фолклори диёри Рудаки, Мухаммад Шукуров, Рачаб Амонов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)