Нисоб-ус-сибён. Абунасри Фароҳӣ

Муаллиф: Абунасри Фароҳӣ

Бахш: Адабиёти классикӣ, Назм

Ношир: Маориф

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2018

Саҳифа: 40

Андоза: 2 МБ

Таҳияи Саидамир Аминов.


Дастури Абунасри Фароҳӣ « Нисоб — ус — сибён» оид ба луғатомӯзӣ

Дастраси оммаи васеи хонандагон гардонидани чакидаҳои хомаи ниёгон, ки ҳамзамон метавонад чихати такомули маънавиёт нақши босазо гузорад, Кори хайресту қобили пайгирӣ. Гузаштагон китобҳои фаровоне барои кӯдакону наврасон таълиф намудаанд, аммо афсӯс, ки солҳои мадиде руйи табъро надидаанд.

Дастури таълимии Абунасри Фарохи «Нисоб-ус- сибён» аз он ҷумла аст. Абунасри Фароҳӣ дар садаи ХІІІ зиста, асарро чун дастури омӯзиш тасниф ва таълиф кардааст. Вай борҳо рӯйи чопро дидааст ва нусхае, ки дар дасти мо қарор дорад, дар соли 1311 ҳ.(1194) ба табъ расидааст. «Нисоб-ус-сибён» асарест, ки нашри он ҳам барои хонандагону донишчуён, ҳам барои омӯзгорон ва ҳам барои алоқамандони забону адабиёти тоҷик муфид хохад буд. Оид ба аҳамияти он метавон ба таври мухтасар чунин изҳори ақида кард:

a) асар, қабл аз ҳама, таълимӣ буда, вожаҳои фаровонеро шарҳ медиҳад. Дар он тартиби кор чунин аст, ки дар муқобили калимаҳои арабӣ муродифи тоҷикӣ — форсии онҳо дода мешавад. Дар нусхаи асл барои ба кадом забон тааллуқ доштани калимаро муайян сохтан зери калимоти арабӣ ҳарфи айн (яъне арабӣ) ва зери вожаи тоҷикӣ форсӣ ҳарфи ф (форсӣ) сабт ёфтаанд. Азбаски дар шакли асл чоп кардан мушкилоти зиёди техникӣ ба бор меорад, мо ишораро ба таври дигар анҷом додем. Калимаҳое, ки бо сиёҳии баланд чоп шудаанд, тоҷикӣ — форсӣ мебошанд;

б) барои ғанӣ сохтани захираи луғавии хонандагон накши бебаҳо дорад;

в) мусаллам аст, ки дар шакли шеър (назм) маънидоди луғат барои мактабиён муассир тамом мешавад, зеро онро аз ёд кардан осон аст ва дар хотирҳо то дергоҳ нақш мебандад;

г) ба иртиботи ин ки дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ калимоти зиёди арабӣ мушоҳида мегардад, ин дастур чун калиде барои во кардани уқдаҳо хидмат мекунад;

г) барои ташхису шинохти авзони шеър баҳрҳо дар унвони қитъаҳо зикр ёфтаанд…


Калидвожаҳо: Китоби Нисоб-ус-сибён, Абунасри Фарохи, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)