Зи сар бигзашт бе ту оби чашмам,
Яке аз саргузаштам бе ту ин аст
ОДИНА
Одина ба синни дувоздаҳсолагӣ аз падару модари худ ҷудо шуда, ятиму бекас монда буд. Падари Одина камбағалу бечиз буд, ки ғайр аз модагов ба писари сағири худ меросе нагузошт. Баъд аз мурдани падари Одина, ки хонааш дар деҳае аз музофоти Қаротегин буд, қозии он ҷо мулозим ва муфтӣ фиристода моли ӯро тарака кунонид. Ҳаққи таракаи қозӣ, харҷи муфтӣ, хизматонаи мулозим, ошпулии арбобу оқсақол ба маблағе расид, ки баъд аз фурӯхта додани гов боз Одинаи сағир аз арбоби деҳа даҳ танга қарздор буд. Бинобар ин, аз забони модаркалони Одина, ки ӯро аз ҷиҳати шавқат ба тарбияи худ гирифта, аз нӯги чарху дуғи худ парвариш мекард, ба ҳузури ноиби қозӣ ба ин мазмун хат (санад) гирифтанд: «Ман, ки мусаммоти Бибиоиша бинти Шоҳмурод ҳастам, аз барои харҷи мурдаи падари набераи худам Одинаи сағир валади Бобокалон аз Арбоб Камол васоятан даҳ тангаи роиҷа қарздор шудам. Аз ҷониби Одинаи сағир ба гардан гирифтам, ки ҳар вақт ӯ калон ва аз дасташ кор меомадагӣ шавад, ба бадали маблағи мазкур ба Арбоб Камоли мазкур хизмат менамояд».
Бибиоиша Одинаро муддати се сол парвариш карда, дар синни понздаҳсолагиаш ба хизмати Арбоб Камол супурд.
Калидвожаҳо: Китоби Одина, Садриддин Айни, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
