Омодагии ибтидоии ҳарбӣ. Синфи 10-11. Абдураҳмон Исмоилов ва дигарон

Муаллифон: Абдураҳмон Исмоилов, Қурбоналӣ Зиёев, Наим Исмоилов

Бахш: Китобҳои дарсӣ / Синфи 10, Синфи 11

Барчасп: ҳарб

Ношир: Маориф

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2018

Саҳифа: 272

Андоза: 8 МБ

Омодагии ибтидоии ҳарбӣ. Китоби дарсӣ барои синфҳои 10-11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри сеюм.


Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.
Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад.

Моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

МУҚАДДИМА

Устодон ва шогирдони азиз!

Хонандагони муҳтарам, китобе, ки дар даст доред, бо замимаҳои иловагардида оид ба ҳар як мавзӯъ барои он пешбинӣ шудааст, ки мушкили шуморо ҳангоми кор бо маводди таълимӣ осон мегардонад. Азбаски аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон адабиётҳои таълимӣ, дастурҳо, тавсияҳо барои истифодаи муассисаҳои таълимоти ҳарбӣ ва қисмҳои низомӣ шудаанд, ин ба мо имкон дод, ки ҳаҷми китоби дарсиро пурратар гардонем. Дар он тамоми супоришҳо барои ривоҷи малакаи ватанпарастии шумо равона шудаанд.

Ин китоби дарсӣ бо фаслҳои «Мудофиаи гражданӣ» мавзӯъҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода ворид карда шуда, бо номи «Ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ» номгузорӣ карда шуд, «Ҳуқуқи НМ» ва мавзӯъҳои ба китоб воридгашта маълумот пешниҳод менамояд. Инчунин дар дигар бобҳо низ доир ба баъзе мавзӯъҳои таълимӣ тағйирот дароварда шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати навбунёду тозаистиқлол аст ва дар байни давлатҳои абарқудрат бояд аз манфиатҳои геополитикии хеш дифоъ карда тавонад. Бинобар ин, ҷавонон, ки ояндаи давлатамон мебошанд, бояд ҳамеша тайёр ва омода бошанд, ки ҳар лаҳза манфиатҳои миллатро дифоъ карда тавонанд. Шумо, шогирдони азиз, ин вазифаи худро бояд бо ҳисси ифтихор ва масъулият иҷро кунед.


Калидвожаҳо: Китоби Омодагии ибтидоии харби. Синфи 10-11, Абдурахмон Исмоилов, Курбонали Зиёев, Наим Исмоилов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)