Пандномаи Анӯшервон

Бахш: Адабиёти классикӣ, Назм

Ношир: Маориф ва фарҳанг

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2008

Саҳифа: 51

Андоза: 1 МБ

Таҳиякунандаи матн ва муаллифи дебочаву тавзеҳот: Аълохон Афсаҳзод


«Пандномаи Анӯшервон» аз осори ҷолибу мондагори пандиву ахлоқии ниёкони шакаргуфтори мост, ки номи нигорандаи равоншодаш алҳол номаълум буда, тақрибан дар асрҳои XI-XII офарида шудаааст.

Матни манзума, ки дар иттиқол ба навиштаҳои пандомӯзи гузаштагони дилсӯзамон иншо гардида, ахлоқи ҳамидаи инсониро ситойишу аъмоли ғализаро накӯҳиш мекунад, соли 2005 интишор ёфта, дар муддати кӯтоҳе камёбу касмаёб гардид.

Ҳоло нашри дувуми каме таҳриру такмилёфтаи он дар ихтиёри шумо, хонандагони азиз, гузошта мешавад, то чароғи раҳнамойи рӯзгору рафторатон бошад.


Сипос аз Худованди чархи баланд,
Ки дар дил нагунҷад аз ӯ чуну чанд.
Ҷаҳонофарин кирдигори сипиҳр,
Фурӯзандаи пайкари моҳу миҳр,
Ба ҷуз бандагӣ мар туро кор нест,
Бад-ин парда-андар туро бор нест!
Ниҳоле зи дониш бикорам ҳаме,
Хирадро бар ӯ баргуморам ҳаме,
Ки чун чашм гардад варо шоху нард,
Аз ӯ баҳра гирад хирадманд мард!


Калидвожаҳо: Китоби Пандномаи Анушервон, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)