Пирӯзинома. Абуалӣ ибни Сино

Муаллиф: Абуалӣ ибни Сино

Бахш: Адабиёти классикӣ

Ношир: Маориф

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 1980

Саҳифа: 104

Андоза: 5 МБ

Дар ин маҷмӯа фақат панҷ асари мухтасаре аз осори фаровони адабии Ибни Сино ҷамъ оварда шудаанд. Пеш аз он ки хонандаи ҷавону гиромии мо худ бо мазмуни ин асарҳо ошно шавад, бояд қадаре аз сабабу шароити таълифи онҳо огоҳ бошад. Кайфияти таълифи ин асарҳо ва тартиби ҳозир кардани онҳо ба нашр ба тариқи зайл аст:

1. Рисолаи «Саргузашт» — мухтасари ҳаёт ва фаъолияти илмию адабии файласуфу донишманди шӯҳратманди тоҷик Абуали ибни Синоро дар бар мегирад. Ин асарро то нисф худи Ибни Сино ва баъд аз забони ӯ шогирдаш Абуубайди Ҷузҷонӣ (вафоташ соли 1047) таълиф кардааст. Абуубайди Ҷузҷонӣ аз соли 1013-14 то охири умр ҳамроҳи Ибни Сино буд, тамоми тафсилоти рӯзгори ӯро медонист ва онро дар ин рисола мухтасаран сабт кард.

2. «Рисолат-ут-тайр» (рисола дар бораи паррандагон) ҳангоми маҳбусии Ибни Сино дар зиндони Фардҷон таълиф шудааст. Ин рисола аз ду қисмат иборат буда, аввал панду ҳикматҳо дар бораи дӯстӣ ва қадру қимати он мегӯяд. Қисмати дигар тафсили қиссаи паррандагон буда, дар он масъалаҳои илми ва то як андоза саргузашти худи нависанда ба тарики тамсил ҳикоят мешавад…

3. Қиссаи «Ҳай ибни Яқзон», ки маънои тоҷикии номи он «Зинда писари Бедор» мебошад, асари бисёр аҷиби Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино аст. Ин қиссаро ҳам, ба мисли «Рисолат-ут-тайр» ҳангоми дар қалъаи Фардҷон маҳбус буданаш (соли 1024-25) навиштааст. Қиссаи «Ҳай ибни Яқзон» як ҳикояти аҷиб, вале аз ҷиҳати маъно мураккабу душвор аст. Ибни Сино дар ин асар такомули хирад ва ақли одамиро дар якҷоягӣ бо таркиби олам, моҳият ва асоси ҳастӣ тасвир мекунад. Агар ба тарафҳои фалсафии асар чуқур ғӯтавар нашавем ҳам, мазмуни он як тасвири саргузаштии диққатангезест. Маъхази сюжети ин асар гӯё аз Юнон будааст ва Ибни Сино нахустин шахсест, ки онро бо маънии тозае таҳия кард….

4. Қиссаи «Саломон ва Ибсол» аз ду рисолаи боло тафовути ҷиддӣ дорад. Рисолаҳои мазкур шакли қисса ё ҳикоятеро доранд, ки аз тарафи муаллиф нақл мешаванд. «Саломон ва Ибсол» бошад, асоси достонӣ дорад, яъне дар вай воқеа бо моҷарои хулқу атвор ва кирдори шахс баён мешавад. Маънои он ҳам асоси рамаӣ дорад. Саломон дар ин ҷо асли шахс — одам, Ибсол — қуввати хаёл ва илмии инсон, ки ба маърифати ҳастӣ равона шудааст ва зани Саломон — майлҳои (қувватҳои) ҷисмонию ғайриақлии одам мебошанд. Ибни Сино мегӯяд, ки агар майли одам ба танпарварӣ вусъат ёбад, қобилияти идроку фаҳмиш ва дониш мемирад…

5. Рисолаи охирини ин маҷмӯа «Пирӯзинома» мебошад, ки онро гӯё Ибни Сино аз паҳлавӣ ба порсии дарӣ тарҷума карда бошад. Дар китоби «Кашф-уз-зунун»-и Ҳоҷӣ Халифа нақл аст, ки ин асарро Бузургмеҳр барои Анушервон навиштааст ва онро Абуалӣ ибни Сино бо амри Нӯҳ ибни Мансур ба порсии дарӣ — тоҷикӣ дар соли 997 мелод тарҷума кард. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ ишораҳо ба панду андарз гуфтани Бузургмеҳр ҳаст. Вазъияти ин асарро муҳаққиқи эронӣ Козими Раҷавӣ таҳқиқ карда, бо шаклҳои гуногун борҳо дар Эрон интишор дод. Матни он дар баъзе маҷаллаҳои Эрон ва маҷмӯаҳо низ ба табъ расидааст.


Калидвожаҳо: Китоби Пирузинома, Абуали ибни Сино, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)