«Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Воқеаҳои асар бо рафтору гуфтор ва кирдори марди аҷиб Геолог-Аскар гиреҳбандӣ шудааст, ки талоши ҳақ, инсофу адолатхоҳӣ дар ботини ӯ реша давондааст; ҳамеша аз ҳуқуқи занону модарон дифоъ мекунад; ба бадтинатон оштинопазир аст. Вале ӯ дар ҷодаи ҳақталошиҳо алайҳи печидагиҳои ҷомеаи навин дучори нокомиҳо гашта, дармони дили хеш аз парастиши шароб меҷӯяд; билохира, майпарасту майзада мешавад ва наметавонад худро аз ин дарди ногувор раҳоӣ бахшад.
Китоби мазкур ҳамчунин аз «Ҳикоёти манзум» ва чакидаҳои хомаи адиб аз мушоҳидаҳои рӯзгор таҳти унвони «Яке гуфт, яке шунуфт» мураттаб гаштааст.
Калидвожаҳо: Китоби Рози замин (повест), Садри Умар, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
