Маҷмӯъаи номаҳои Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720), ки бо номи «Руқаъоти Бедил» маъруф аст, яке аз бахшҳои муҳимми мероси адабии ӯ маҳсуб мешавад. Номаҳои шоир, ки наздик ба 300 адад мебошанд, ба одамони касбу кори гуногун – шоирону олимон, амирону вазирон, косибону ҳунармандон, дӯстону шогирдон, хешу ақрабо ва дигарон навишта шудаанд. Қисме аз номаҳо, тахминан 65-70 адади онҳо, номаҳои ҷавобианд, яъне дар ҷавоби номаҳои ба Бедил ирсолшуда иншо гардидаанд. Мазмунҳои беш аз бист нома иборатанд аз шукри эҳсон ва атоҳое, ки аз ҷониби ҳомиён ва шогирдони шоир ба ӯ эҳдо шудаанд. Ва ниҳоят, ба миқдори хеле кам, ҳамагӣ ҳафт нома, аз номи дигарон ё худ бо хоҳиши дигарон ба таҳрир расидаанд.
Калидвожаҳо: Китоби Рукаъот, Рукаьот, Рукаот, Абдулкодири Бедил, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
