Зебуннисо духтари шоҳи Ҳиндустон Абузафар Муҳиддин Аврангзеб (1658-1707) буда, (1658-1707) буда, аз шоираҳои ширинкалом ва хушадои тоҷик аст, ки соли 1639 дар Деҳлӣ таваллуд шудааст.
Зебуннисо аз хурдӣ дар назди зани фозилае бо номи Ҳофиза Марям касби илм намуда, Куръони маҷидро дар муддати ду солу се моҳ азёд мекунад. Баъдтар у илмҳои мантиқу ҳикмат ва таърихро фаро гирифта, машқи хат мекунад ва дар навиштани хатҳои настаълиқу насх моҳир мешавад.
Зебуннисо бо тахаллусҳои Зебуннисо ва Махфӣ шеър гуфтааст. Ӯ ба ғайр аз девони ашъор асари насрие дар тафсири Куръони маҷид бо номи «Зеби тафосир» таълиф кардааст.
Зебуннисо соли 1702 дар синни 63-солагӣ дар Деҳлӣ вафот кардааст.
Мо ин ғазалиёти Зебуннисоро аз рӯйи нусхаи чопи сангии «Девони Махфӣ», ки соли 1898 дар матбааи «Нувил Кишур»- и Конпур ба табъ расидааст, ба чоп омода намудем.
Калидвожаҳо: Китоби Саду як газал, Зебуннисо, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
