
«Санги мазор» баёз ё китоби катибаҳост, ки аз осори бузургони пешин гирдоварӣ шудааст. Ҳар кас аз он байтҳои дилхоҳашро барои санги мазори азизи аз даст додааш пайдо карда метавонад.
Гӯристонҳои мо ҳама ҷо харобу валангоранд, на танҳо водии хомӯшон, балки водии фаромӯшон ҳам ҳастанд. Гӯрҳо ба хок яксонанд, санге, ёдгоре, катибае, шӯшае, дарахте дар сари гӯрҳову мақбараву оромгоҳҳо нест. Чашм нарасад, солҳои ахир мардум сари номусу ҳамият омадаанд, поси хотирдориро каме омӯхтаанд, иҳтироми арвоҳро дарёфтаанд ва атрофи қабристонҳоро тавора бастаанд то қабрҳо лагадкӯби сутурон набошанд. Ҳамчунин ҷо-ҷо дар сари гӯрҳо пораҳон санги мармар ё тахтаҳои бетон ба назар мерасанд, ки дар онҳо калимаи шаҳодат, исми мутаваффо ва баъд байте ё чанд ҳарфи берабте бо миннати «Ёдгор аз фарзандон», «Хотира аз хешовандон» ва ғайра ҳак шудаанд. Гоҳо дар санги мазорҳо байтҳои бемазмун, беҷавҳар, бемоя, бевазн ва бесӯзу гудозе ҳак шудаанд, ки пас аз хондани онҳо кас мехоҳад дубора бар ҳоли марҳум бигиряд, ки бо чуннн ҳарфҳои ночаспону нохушоянду ноҷӯри «худсохт» ёд мешавад ва зери санге беранге хуфтааст. Ҳатто фарзандону пайвандон то ба ҷое дилсӯзу посдори мутаваффо ҳастанд, ки дар санги гӯр номашро ғалат ҳак мекунанд…
Калидвожаҳо: Китоби Санги мазор. Байтхо барои санги гурхо ва макбарахо, Лоик Шерали, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)