Се барги сабз. Баргузидаи ҳикояҳо. Фаридуни Фарҳодзод ва дигарон

Муаллифон: Фаридуни Фарҳодзод, Шариф Халил, Юнуси Имомназар

Бахш: Адабиёти муосир, Наср, Ҳикоя

Барчасп: Новелла

Давлат: Узбакистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2019

Саҳифа: 228

Андоза: 2 МБ

Хонандагон бо осори се тан адиби роҳафтода – Юнуси Имомназар, Шариф Халил ва Фаридуни Фарҳодзод, ки имрӯз дар майдони насри тоҷик корнамоӣ мекунанд, аз наздик ошноянд. Ин эҷодкорон ба унвони муаррифгари адабиёти насрии тоҷик дар Варорӯд бештар бо ҳикояҳо, қиссаҳо, ҳикояҳои ҳаҷвӣ, ҳикоёти хурд, новеллаҳо ва осори публитсистии худ шинохта шудаанд. Китоби мазкур низ аз намунаҳои эҷодии ин нигорандагони каломи бадеъ, ки ахиран ба нӯги хома омада ва аҳёнан дар рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ ба табъ расидаанд, фароҳам омадааст. Мавзӯи асосии ҳикояҳои гирдомада давутози бемайлони инсонҳо дар чорсӯйи зиндагӣ, саъю талошҳои одамон барои дарёфтани асолати башарӣ ва умеду орзуҳои нек, даргирӣ ва даъвоҳои дохилии афроди ҷудогона, тарғиби беҳтарину шоистатарин одобу русум ва одоти боварбахши ҳаётиро фаро мегирад. Ин китоб бо муҳтавои рангину дилписанди худ, ки бо бадеияти ҷолибу ҷаззоб нигорида шудааст, ба хонандагони синну соли гуногун пешниҳод мегардад.

Китоб мутобиқи имлои «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» (Душанбе, «Шарқи озод», 2013) омодаи нашр гардид.


Калидвожаҳо: Китоби Се барги сабз. Баргузидаи хикояхо, Фаридуни Фарходзод, Шариф Халил, Юнуси Имомназар, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)