Замоне, ки Раҳим Амин ба арсаи адабиёт кадам ниҳод, дар шеъри тоҷик дигаргуниҳои чашмрас падид меомаданд. Дар солҳои 60-уми асри ХХ дар бӯстони адабиёти тоҷик насими тозае мевазид, ки ба хусус барои навниҳолону гулҳои наврас хеле гуворо буд.
Раҳим Амин аз зумраи он навниҳолони боғи адабиёт буд, ки аз дарахтону ниҳолони пурбод сабақ гирифта, аввалин самарҳоро ба бор меоварданд, ки аз офа-идаҳои пешиниён тафовут доштанд.
ШАСТИ ҲАЁТ
Мамадаминов Мамараим (Раҳим Амин) 24 июли соли 1946 дар деҳаи Гузари болои ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1964 мактаби миёнаи ба номи Рӯдакии ноҳияи Қубодиёнро хатм карда, ҳамон сол ба факултаи таъриху филологияи Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло Донишгоҳи Миллии Давлатии Тоҷикистон) дохил мешавад ва онро соли 1969 хатм мекунад.
Калидвожаҳо: Китоби Шаст андар шаст, Рахим Амини Кубодиёни, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
