Шоҳимардон раҳгардон шуд. Салоҳиддин Садриддин

Муаллиф: Салоҳиддин Садриддин

Бахш: Адабиёти бачагона, Адабиёти муосир, Назм, Шеър

Ношир: Адиб

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2016

Саҳифа: 32

Андоза: 1 МБ

Хонандаи азиз!

Китобе, ки ба даст гирифтаӣ, гулдастаи шеърҳои шоирест, ки пешааш омӯзгорист. Ба шогирдонаш забону адабиёт ва хати ниёгонро меомӯзад. Монанди тамоми омӯзгорони олам мехоҳад, ки шогирдонаш хушхону хушхат бошанд, босаводу боадаб бошанд, хушзавқу доно бошанд. Ба он мекӯшад, ки бачагон нағзакак хонанду одамони кордону гапдон шаванд. Кори аз дасташ омадаро мекунад, ки аз дасташон коре биёяд, то барои мардум, барои Модар-Ватан хидмате карда тавонанд.

Маълум, ки агар одам тарбияти нағз надида бошаду дониши нағз надошта бошад, ягон кори нағз ҳам карда наметавонад. Зеро дониши хубу аъло ва одоби аъло заминаи тамоми корҳои хубу аълост, асоси зиндагии пурмазмуну гуворост.


Калидвожаҳо: Китоби Шохимардон рахгардон шуд, Салохиддин Садриддин, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)