
Шоҳнома. Ҷилди 1 (Ахтарони Адаб, ҷилди 3). Ҳайати мушовара ва таҳририяи 50-ҷилдаи осори классикон ва муосирон аз силсилаи «Ахтарони Адаб». Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ
Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кӯшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳаққиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳнома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
«Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ аз шумори он осори гаронбаҳои фарҳангист, ки чун китоби халқ дар канори ишқу ихлос ва оғӯши завқу андешаи мардумон аз осеби забонаҳои дуду оташи ҳаводиси рӯзгорон ва дандонаҳои арраи бедоди замонҳо то имрӯз маҳфуз мондааст.
Ин китоб шореҳи сарнавишти пурмоҷарои инсони боҳушу фарҳанг, мубориз ва диловар, ватанпараст, худованди латифтарин афкору эҳсос, номаи розу ниёз, набарду пирӯзӣ, ваҳдат ва ҳамбастагии халқҳо дар мубориза ва диловар, ватанпараст, худованди латифтарин афкору эҳсос, номаи розу ниёз, набарду пирӯзӣ, ваҳдат ва ҳамбастагии халқҳо дар набард бо деви бедоду ситам, зулмат ва зиштиву дадманишӣ, башардӯстӣ, дастури касби хулқу атвори ҳасана, ҳамосаи азамат, хирад ва заковат, нерӯи бузурги халлоқи инсон, достони ишқи безавол, таърихи суннат ва анъаноти писандидаи мардум мебошад. «Шоҳнома»-и безавол асрҳост, ки миёни мардумон шӯҳрат ва маҳбубияти хосе дошта, ҳамвора мавриди таваҷҷӯҳи на танҳо бошандагони Ховарзамин, балки халқҳои тараққихоҳи дигар мамолики ҷаҳон аст. «Шоҳнома» дар ҳама кишварҳо дӯстон ва ошиқони зиёде дошта, достонҳои ҷудогонаи он тавассути донишмандон ба забони халқҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума ва дастраси хонандагони ҳар диёр гардидааст. Роҷеъ ба масоили мухталифи китоб мақолоти илмӣ, рисолот ва шарҳу тафсири зиёде низ ба табъ расидааст, ки зикри ҳар яке аз он бо феълан имконпазир нест.
Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ
Дар масъалаи тақсими матни «Шоҳнома» ба бобҳои ҷудогона низ равияи дар матни аслӣ қабулшуда асос гирифта шудааст. Бо ин тариқа матни «Шоҳнома» дар нӯҳ ҷилди зерин ба хонандагон тақдим карда мешавад:
ҶИЛДИ ЯКУМ — Аз оғози китоб то достони Қайқубод (5279 байт ғайр аз байтҳои иловагии поварақиҳо).
ҶИЛДИ ДУЮМ — Аз достони Қайқубод то достони Сиёвуш (3475 байт ғайр аз байтҳои иловагии поварақиҳо).
ҶИЛДИ СЕЮМ — Аз достони Сиёвуш то подшоҳии Кайхусрав (5926 байт ғайр аз байтҳои иловагии поварақиҳо).
ҶИЛДИ ЧОРУМ — Аз достони подшоҳии Кайхусрав то достони дувоздаҳрух (4660 байт ғайр аз байтҳои иловагии поварақиҳо).
ҶИЛДИ ПАНҶУМ — Аз достони дувоздаҳрух то подшоҳии Лӯҳросп (5833 байт ғайр аз байтҳои иловагии поварақиҳо).
ҶИЛДИ ШАШУМ — Аз подшоҳии Лӯҳросп то подшоҳии Искандар (6386 байт ғайр аз байтҳои иловагии поварақиҳо).
ҶИЛДИ ҲАФТУМ — Аз подшоҳии Искандар то подшоҳии Яздигурд (7684 байт ғайр аз байтҳои иловагии поварақиҳо).
ҶИЛДИ ҲАШТУМ — Аз подшоҳии Яздигурд то подшоҳии Хусрави Парвиз (7225 байт ғайр аз байтҳои иловагии поварақиҳо).
ҶИЛДИ НӮҲУМ — Аз подшоҳии Хусрави Парвиз то таърихи анҷоми «Шоҳнома» (5674 байт ғайр аз байтҳои иловагии поварақиҳо).
Ҷилди даҳуми нашри Теҳрон иборат аз байтҳои иловагиест, ки аз нусхаҳои истифода бурдашуда ба даст даромадаанд. Дар ин нашр ҳамон тарзе ки дар боло ишора карда шуд, кисматҳои асосии ин байтҳои иловагӣ дар поварақиҳо оварда шудаанд. Аз ин ҷиҳат ҷилди даҳумро дар ин нашр луғати
хоси «Шоҳнома» ташкил хоҳад намуд, ки ӯҳдадори он худи Нашриёти Давлатии Точикистон мебошад ва мо умедворем, ки ин луғат дар баробари ба назар гирифта шудани тамоми нозукӣ ва ишораҳои дар вақти ба алифбои нави тоҷикӣ гузаронидани матни «Шоҳнома» бавуҷудомада дар ояндаи наздик тақдими хонандагони тоҷик хоҳад гардид.
Абдулғанӣ Мирзоев
Калидвожаҳо: Китоби Шохнома. Чилди 1, Абулкосим Фирдавси, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)