
Румони «Синдроми Стокҳолм»-ро соли 2007 дар бадтарин ҳолати равонӣ навиштаам, ба манзури худдармонӣ ва пайдо кардани посухе ба пурсишҳои зиёде, ки дар солҳои дурӣ аз Ватан, дар ман зам шуда буд ва тарҳи масоили амиқи ҳуввиятӣ ва ҳиҷрат дар ҳичрат, ки неш бар решаҳои мани сӣсола фуру бурда буд.
Ин румон соли 2007 навишта шуд, соли 2008 бознигарӣ шуд ва соли 2009 бо хатти форсӣ дар интишороти «Ховарон» дар Порис, ба чоп расид. Соли 2010 дар интишороти “Ҳандсмедия” дар Ландан ба нашри дуввум расид ва ҳоло ҳамин ношир онро бо ду хатт, хатти форсӣ ва ҳам хатти сириллик, бознашр мекунад, ки боъиси ифтихори ман аст. Китобҳои ин ношир дар фурушгоҳҳои мухталифе дар дунё мунташир мешавад, аз ҷумла дар фурушгоҳи маъруфи Амазон дар Амрико. Ин гуна аст, ки румони «Синдроми Стокҳолм» ҳоло қобили дастраси тамоми форсизабонон дар ҳафт иқлим аст.
Шаҳзода Самарқандӣ
Баргардонанда аз хатти форсӣ ба сириллик: Маҳини Даврон
Виростор: Исфандиёри Одина
Калидвожаҳо: Китоби Синдроми Стокхолм, Шахзода Самарканди, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)