Сӯхтаҷони шӯълаи бедорӣ. Маҷмӯаи мақолаҳо, эссе ва хотираҳо дар бораи эҷодиёти Мирзо Шукурзода
Мураттибон: номзади илми таърих, Сайфуллоҳи Муллоҷон, номзади улуми пизишкӣ, Муҳаммадамини Хоҷизода
Китоби ҳозир намунае аз осори адибон, шоирон ва донишмандони тоҷикро дар бораи фаъолияти фарҳангии барандаи Ҷоизаи адабии ба номи устод Айнӣ ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Мирзо Шукурзода дарбар дорад. Аксари матолиби ин маҷмӯа ба тариқи интихоб ва он ҳам аз саҳифаҳои рӯзномаву моҳномаҳои кишвар гирдоварӣ гардид. Ихвония, тақриз ва пораҳои шеърӣ бо самимияти баланд суруда шудаанд, ки ҳокӣ аз ихлос ва садоқати муаллифони онҳо дар нисбати як тан аз фарҳангиёни диёр аст.
Шумо, хонандаи арҷманд бо чакидаҳои хомаи олимону донишмандони маҳбубе чун академикҳо Камол Айнӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ, бонуи овозаманди шеъри имрӯзи мо, хонум Гулрухсор, адибону донишгустароне, амсоли Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ, Мансур Бобохонов, Мирзо Аҳмадов, Мирзо Муллоаҳмад, Валӣ Самад, Юсуф Акбарзод ва дигарон ошно хоҳед шуд.
Китоб ба муносибати шастсолагии зодрӯзи адиби барӯманд Мирзо Шукурзода таҳия гардид ва мураттибон аз Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон барои кӯмакашон дар нашри ин маҷмӯа сидқан сипосгузоранд.
Калидвожаҳо: Китоби Сухтачони шуълаи бедори (Мирзо Шукурзода), Сухтачони шуьлаи бедори (Мирзо Шукурзода), Сухтачони шулаи бедори (Мирзо Шукурзода), бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
