Таҷвиди Қуръон. Амонулло Бобоӣ

Муаллиф: Амонулло Бобоӣ

Бахш: Исломӣ

Барчасп: Таҷвид

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2009

Саҳифа: 72

Андоза: 17 МБ

Ба номи Худованди Бахшоянда ва Меҳрубон

Ҳамду сипос Худойро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст ва дуруду салому салавоти Худо бар охирин фиристодааш хотами паёмбарон, ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ва бар хонадони поку мутаҳҳар ва асҳоби гиромиашон бод.

Қуръони карим ваҳйи илоҳист, ки Худованди мутаол бар қалби паёмбараш ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ нозил кард.

Қуръони карим қонуни асосии зиндагии инсонҳо аст, ки барои ҳидояти башар фиристода шуд. Ин китоби ваҳёнӣ ончунон бо азамат аст, ки дар бораи омӯзаҳои он то кунун китобҳои гуногуни дарсӣ, таълимӣ, маърифатӣ ва ғайра таълиф ва тадвин гаштааст. Аз ҷумлаи он, илми «таҷвид» аст, ки дар сатҳи ибтидоӣ ҷиҳати дуруст хондани Қуръон таълиф ва тадвин шудааст.

Ин китоби роҳнамо ва муқаддасро бояд ҳар як мусулмон ёд гирад, бихонад ва ба дастуроти он амал намояд ва инчунин ба дигарон омӯзонад. Паёмбари
Ислом (с) дар ин бора мефармоянд:‬

Беҳтарини шумо касест, ки Қуръонро омӯзад ва ба дигарон омӯзонад.

Қуръон китобест, ки ҳар мусулмон бояд ба қадри тавону мақомаш бо он ба таври шоиста гоҳ ва ошно бошад, огоҳ ба хондан ва тиловати он, ба маъно ва дастуроти он, махсусан донишомӯзон ва толибони илм.

Қуръон, ки бо забони арабии фасеҳ нозил шудааст, марҳалаи аввали омӯзиши он барои касоне, ки араб нестанд, шинохти алифбои араб, шинохти сифоти ҳуруф ва махраҷи он, ошноӣ бо қонун ва қоидаҳои тиловат мебошад. Дар натиҷа бо забон ва лаҳҷаи ҷаззоби Қуръон ошно гашта,метавон каломи Парвардигорро бо некӯтарин шакл хонд. Муаллими аввали Қуръон ҳазрати Муҳаммад (с) дар ин бора мефармоянд:

Қуръонро бо лаҳҷа ва савти араб бихонед.

Аз ин ҷиҳат илми таҷвид аст, ки ба мо чунин маълумотро дар бораи тиловат ва қироати Қуръон таълим медиҳад.

Таърифи таҷвид

Калимаи «таҷвид» аз назари луғат ҳамчун калимаи «таҳсин» ба маънои «ҳусн бахшидан, некӯ гардонидан» аст. Аз назари истилоҳ иборат аст аз:

«Таҷвид» илмест, ки саҳеҳ ва дуруст талаффуз кардани ҳарфҳо аз махраҷ, шинохти сифоти ҳуруф, шинохти аҳкоми он, шинохти ҷойҳои ақф ва умуман илми некӯ хондани Қуръонро ба мо меомӯзад.

Дар ин рисола кӯшиш шудааст барои ҳамаи қуръономӯзон, махсусан касоне, ки дар сатҳи ибтидоӣ ва сатҳи миёнаи таълими қироати Қуръон ҳастанд, маълумот дода шавад. Иншоаллоҳ талош дорем ба ёрии Худованд рисолае мустақил дар боби «таҷвид ва қироат» дар сатҳи пешрафта ба дасти муштоқон бирасонем.


Калидвожаҳо: Китоби Тачвиди Куръон, Тачвиди Курьон, Тачвиди Курон, Амонулло Бобои, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)