Таҷвиди Қуръон

Бахш: Исломӣ

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2010

Саҳифа: 43

Андоза: 3 МБ

Ситоиш Аллоҳро, ки Парвардигори оламиён аст ва дуруду саломи Худо бар бузургтарини пайғамбарон Муҳаммад, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, ва бар олу асҳоб ва пайравонашон бод.

Хонандаи гиромӣ, Қуръон китобест, ки муаллифи он инсон нест, балки он каломи Аллоҳ таъоло, офаридгори тамоми ҳастӣ мебошад, ки бо воситаи Ҷабраил (а) ба паёмбари мо ҳазрати Муҳаммад (с) нозил гардидааст.

Қуръон 114 сураро дар бар мегирад ва ҳар як сура аз оятҳо иборат мебошанд. Ҳамагӣ дар Қуръон 6666 оят мавҷуд аст. Матни Қуръон ба 30 ҷузъ тақсим карда шудааст.

Қуръон беҳтарин ва одилонатарин қонунҳоро муайян кардааст, ки ба зиндагии иҷтимоӣ, ҳуқуқҳои шахсӣ ва ҳуқуқи байналмиллалӣ марбут мебошанд. Қуръон на танҳо дастуру фармон медиҳад, балки дар баробари ин инсонро ба тафаккуру андеша намудан дар офариниши Худованд даъват менамояд.

Дар ҳадиси Паёмбари акрам (с) омадааст: “Беҳтарини шумо он касоне ҳастанд, ки Қуръонро меомӯзанд ва ба дигарон таълим медиҳанд”. Бинобар ин, азамату бузургии Қуръонро дарк намуда, мо бояд қоидаҳои дуруст ва бе хато хондани онро бидонем. Тиловати Қуръон фазилатҳои зиёде дорад. Ин ҷо якчанд одобро ёдрас мекунем, ки хонандаи Қуръон бояд онҳоро риоя намояд:

  1. Қуръон бояд бо нияти холис хонда шавад. Нияти қорӣ аз риё ва худнамоӣ пок бошад.
  2. Бе таҳорат ба Қуръон даст расондан манъ аст.
  3. Суннат аст, ки хонандаи Қуръон бо либоси пок, дар ҷои тоза ва рӯ ба тарафи қибла биншинад.
  4. Дар замин ниҳодани Қуръон беэҳтиромӣ нисбати он ба ҳисоб меравад. Мувофиқи суннат Қуръон бояд дар ҷои муносиб ва баланд гузошта, сипас хонда шавад.
  5.  Ангуштонро ба оби даҳон тар карда варқ задани Қуръон манъ аст.
  6. Дар тоқчаҳое, ки китобҳои динӣ гузошта шудаанд, Қуръон бояд аз ҳама болотар бошад. Дар болои он чизе ниҳодан манъ аст.
  7. Ба ҳоҷатхона ва ҷойҳои ифлос даровардани Қуръон ё коғазҳое, ки дар он ояте навишта шуда бошад ва ё бо овози баланд хондани Қуръон дар чунин ҷойҳо манъ аст.
  8. Суннат аст, ки тиловати Қуръон бо хондани «Аъузубиллоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим» ва «Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим» оғоз шавад ва бо «Садақаллоҳу-л-ъазим» поён ёбад ва дар охир сураи «Фотиҳа» хонда шавад.
  9. Қуръон бояд бо эҳтироми хос, бешитоб, бо хушовозӣ, мувофиқи қоидаҳои таҷвид ва бехато тиловат шавад. Чунки Худованд фармудааст: «Ва Қуръонро шумурдаву (бо диққат) равшан бихон».
  10. Хондани Қуръон аз рўи китоб беҳтар аст, аз он ки азёд хонда шавад. Зеро дар ин ҳолат чашмони мо низ дар савоб шарик хоҳанд шуд.
  11. Пеш аз хондани Қуръон мисвок задан ё обгардон кардани даҳон хуб аст.
  12. Агар шахсе ҳангоми хондани Қуръон садои азон ё салом додани касеро шунид, бояд истода азонро шунавад, ё ҷавоби саломро диҳад ва сипас қироаташро идома диҳад.
  13. Тиловаткунандаи Қуръон бояд чунин эътиқод дошта бошад, ки ў дар ҳузури Аллоҳ таъоло қарор дорад ва каломи Худовандро мехонад.
  14. Ҳангоми тиловати Қуръон ба атроф нигоҳ кардан, бо дигарон сухан гуфтан ва дар бораи чизҳои беҳуда фикр кардан манъ аст.
  15. Хондани матни арабии Қуръон, ки бо ҳарфҳои ғайриарабӣ навишта шудааст, манъ аст.
  16. Хондани Қуръон аз рӯи тартиби сураҳо беҳтар аст.
  17. Шахсе, ки тарзи дуруст хондани Қуръонро меомӯзад, набояд тиловати онро, аз тарси хато хондан, ба таъхир андозад.

Ҳар ҳарфи арабии Қуръон, ки тиловат мекунем, агарчанде маънои онро дарк ҳам насозем, барои мо савоби бисёр дорад ва дар кору фаъолияти мо таъсири хуб мегузорад. Иншоаллоҳ, ин китоб барои дуруст ва бо риояи таҷвид хондани Қуръон ба мо кўмак хоҳад намуд.

Таҷвид – ин илмест, ки тавассути он Қурони карим дуруст ва бехато хонда мешавад ва аз нодуруст фаҳмидани маънои он нигоҳ медорад.

Ҳадафи асосии таҷвид адои талаффузи ҳарфҳо бо оромӣ, мувофиқи махраҷ ва шинохти мавзеъи вақфҳо аст. Ҷои пайдоиши ҳарфро махраҷи ҳарф мегўянд. Риояи махраҷи ҳарф ин истифодаи усулҳои муайяни талаффуз мебошад, ки имкон медиҳад ҳар як ҳарф садои аслии худро диҳад.


Калидвожаҳо: Китоби Тачвиди Куръон, Тачвиди Курьон, Тачвиди Курон, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)