
Китоби дарсӣ барои синфҳои 5 – 6-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри дуюм.
ДУХТАРОН ВА ПИСАРОНИ АЗИЗ!
Шумо ба синни наврасӣ медароед, ки давраи хеле мушкил ва ҷолиби инкишофи инсон аст. Дар муддати 2-3 соли наздик дар ҷисми шумо тағйиротҳои ҷиддӣ ба амал меояд. Ба кадом дараҷа хуб гузаштани ташаккули ҷисмонии шумо ва қобилиятҳои мафкуравиатон дар бештари ҳолатҳо ба худи шумо вобаста аст.
Барои васеъ ва амиқ сохтани дониши худ, мустаҳкам кардани маҳорат ва малакаҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ зарур аст. Маводди китоби дарсӣ ба синфҳо тақсим мешавад. Дар ҳар синф бобе мавҷуд аст, ки ба маълумотҳои назариявӣ бахшида мешавад ва бобе мавҷуд аст, ки дар он маводди амалӣ пешкаш мешавад. Ин тақсимот шартӣ аст, зеро назария дар тарбияи ҷисмонӣ ба амалия зич алоқаманд мебошад.
Умедворем, ки маводди китоби дарсӣ ба шумо дар ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои мустақилона кумак мерасонад, саломатиатонро таҳким, қувваатонро инкишоф медиҳад, чолокӣ, обутоб ва дигар сифатҳои ҷисмонӣ мебахшад ва ҳамчунин тарбиятгари қуввати ирода, хислат ва худсозии шумо худтакмилдиҳӣ мебошад.
Ба шумо комёбӣ орзу мекунем!
Калидвожаҳо: Китоби Тарбияи чисмони. Синфи 5-6, Дилором Каримова, Лидия Губанова, Шоди Сафаров, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)