
«Далелҳо ба манфиати машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»: Дастури таълимӣ-методӣ, Хонаи нашриёт, Матбааи Академияи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Имрӯз кам шахсони бомаърифатро дучор шудан мумкин аст, ки аҳамияти азими тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро дар ҷомеаи муосир инкор намоянд. Машғулият бо варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ беҳтарин роҳу усули ба муҳит беш аз пеш созгор сохтани бадан аст.
Мақоми тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш кунун на танҳо беш аз пеш омили намоёни иҷтимоӣ, балки инчунин омили муҳими сиёсӣ мегардад. Ҷалб кардани оммаи васеъи аҳолӣ ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва ҳамчунин дастовардҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ далели мусаллами қобили ҳастӣ ва болидарӯҳии ҳар миллат ва ҳамчунин тавоноии ҳарбию сиёсии он мебошад.
Калидвожаҳо: Китоби Далелхо ба манфиати машгулиятхои тарбияи чисмони ва варзиш, Ибод Шарифи, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)