
Китоби дарсӣ барои хонандагони синни хурди мактабӣ (синфҳои 1-4)
Хонандагони азиз!
Китоб манбаи донишу маърифат аст, аз он баҳрабар шавед ва эҳтиёт намоед. Кӯшиш кунед, ки соли хониши оянда ҳам ин китоб бо намуди аслиаш дастраси додару хоҳарчаҳоятон гардад ва ба онхо низ хизмат кунад.
Писарон ва духтарони азиз!
Шумо медонед, ки саломатӣ барои инсон хазинаи қиматтаринест, ки онро аз ягон ҷой харида наметавонад. Солим будан барои инсон хушбахтист.
Саломатӣ ин заминаи асосии ташаккули дурусти хислат, рушди ташаббускорӣ, иродаи мустаҳкам, қобилият ва истеъдодҳои табий мебошад. Синни мактабӣ вақти ташаккули инсон аст ва инсон бояд ба камол расад ва на танҳо ҷисман, балки рӯҳан ва фикран низ рушд ёбад. Солимӣ ва хушҳолӣ ин ду мафҳум бояд ҳамеша ба якдигар наздик бошанд. Ба кудаки солим нигаред чашмонаш оташбор медурахшанд, ба ҳамаи рӯйдодҳои атроф бо кунчкобӣ менигарад, табассум мекунад, ба бозӣ кардан ҳамеша омода аст, хушҳол аст.
Зиндадилӣ, бешубҳа, натиҷаи солимӣ, фаъолияти мунтазам ва мӯътадили бадан мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, масъалаи ҳифзи саломатӣ, омода сохтани насли ҷисман ва ҳаматарафа инкишофёфтаи наврас яке аз вазифаҳои муҳими ҷамъияти имрӯзаи мо аст. Сарчашмаи асосие, ки ба мустаҳкамшавии бадани кӯдакон мусоидат мекунад, тарбияи ҷисмонӣ мебошад.
Машқи ҷисмонӣ ҳаракатҳое мебошанд, ки махсус барои ҳалли масоили тарбияи ҷисмонӣ нигаронида шудаанд. Тарбияи ҷисмонӣ раванди педагогие мебошад, ки барои рушду такмили ҷисмонӣ нигаронида шудааст. Дарси тарбияи ҷисмонӣ низ яке аз ин гуна омилҳост.
Саломатӣ танҳо ҳолати мавҷуд набудани бемориҳо ва норасоиҳои ҷисмонӣ набуда, балки ҳолати хуби ҷисмонӣ ва рӯҳии инсон аст. Омодагии ҷисмонӣ ба мустаҳкам гардонидани саломатӣ, рушди шаклҳо ва амалҳои бадан, инчунин зиёд намудани малакаи ҳаракат- нокии он мебошад. Саломатӣ на ба ҳама дода мешавад. Онро эхтиёт бояд кард. Бояд ҳам дар андешаҳо ва ҳам дар бадан ҳиссиёти солимро ба вучуд овард.
Калидвожаҳо: Китоби Тарбияи чисмони, Лидия Губанова, Шоди Сафаров, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)