Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ. Евгений Эдуардович Бертелс

Муаллиф: Евгений Эдуардович Бертелс

Бахш: Адабиёти муосир, Адабиёти ҷаҳон

Барчасп: Адабиёт

Ношир: ЭР-граф

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2015

Саҳифа: 584

Андоза: 6 МБ

Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ (аз рӯзгори бостон то поёни аҳди Салҷуқиён). Тарҷумаи Сируси Эзадӣ. Китоби XVI.


Зиндаёд Евгений Эдуардович Бертелс — ховаршинос ва эроншиноси номӣ ва бузурги ҷаҳон дар 26-декабри соли 1890-и милодӣ дар Санкт-Петербург зода шуд ва дар замони умри кӯтоҳ ва пурбораш дусаду наваду панҷ асари пажӯҳишии мондагор аз худ ба ёдгор гузошт. Дар ҳамаи осораш навовариҳову роҳнамоиҳо барои донишварон ҳаст. Ин донишманди бузург дар ҳафтуми октябри соли 1957 дар шасту ҳафтумин соли зиндагӣ дида аз ҷаҳон фурӯ баст.

Е. Э. Бертелс дар соли 1920 давраи комили донишкадаи забонҳои ховари Донишгоҳи давлатии Петроградро ба поён расонид ва дар ҳамон ҷо ба корҳои пажӯҳишӣ оғоз кард. Дар зимн дар музеи Осиёии Академияи илмҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки баъдҳо номи Институти ховаршиносӣ ба он дода шуда буд, давоми 37 сол ба корҳои илмӣ машғул буд. Ӯ роҳбари донишҷӯёни ҷавон дар ниҳодҳои илмӣ, аз ҷумла дар донишгоҳҳои Ленинград, (Санкт-Петербург), Москва, Осиёи Миёна (Донишгоҳи кунунии Тошканд) ҳам буд ва чанд насл аз ховаршиносони замони шӯравӣ дастпарвардаи ӯянд.

Дар солҳои 1934 ва 1954-и милодӣ дар маросими марбут ба ҳазораи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ва Абӯалӣ ибни Сино, ки дар Эрон баргузор шуда буд, Евгений Эдуардович Бертелс низ аз донишмандони бузурги ҷаҳонӣ ширкаткунанда дар он маросим буд. Аз осори ин донишвар китобҳое ба форсӣтоҷикӣ тарҷума шуда, ки нахустинаш «Тасаввуф ва адабиёти сӯфия» буд ва китобе, ки дар даст доред, ҷилди нахуст ва савуми баргузидаи осори номбурда ҳаст.


Калидвожаҳо: Китоби Таърихи адабиёти форси-точики, Таьрихи адабиёти форси-точики, Тарихи адабиёти форси-точики, Евгений Эдуардович Бертелс, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)