Таърихи Байҳақӣ (Таърихи Масъудӣ). Абулфазли Байҳақӣ

Муаллиф: Абулфазли Байҳақӣ

Бахш: Адабиёти классикӣ, Таърих

Ношир: Бухоро

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2014

Саҳифа: 760

Андоза: 5 МБ

«Таърихи Масъудӣ», ки бо номи муаллифи донишманду нуктасанҷу гаронқадраш Байҳақӣ, ба «Таърихи Байҳақӣ» шуҳрат ёфтааст, муҳимтарину дақиқтарин китоби таърихӣ ва аз осори камназири насри порсӣ аст.

Байҳақӣ худ солҳо дар дарбори Ғазнавиён хидмат кардааст ва баъди канора гирифтан аз дарбор бидуни амру дастури ҳоким ё фармонравое ин таърихномаро ба қалам кашида, номи худро бар ҷаридаи некномони рӯзгор ҷовидон сабт намуд. Дар ин асар нукоти фаровоне пиромуни авзои дохилӣ, равобити хориҷӣ, русумоти дипломатӣ ва суннатҳои девонсолорӣ, артиш, инчунин ситезаҳои пинҳону ошкори вазирон, девонсолорон ва амирону низомиён мавҷуд аст, ки бар аҳаммияти китоби ӯ афзудааст.


Калидвожаҳо: Китоби Таърихи Байхаки (Таърихи Масъуди), Таьрихи Байхаки (Таьрихи Масьуди), Тарихи Байхаки (Тарихи Масуди), Абулфазли Байхаки, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)