Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфи 10.
Таърих ин як қисми ёди халқ аст. Бо ҳама пастию баландиҳояш, бо ҳама хубу бадҳояш, бо ҳама фардҳои ҷоҳилу оқилаш дар ёди ҳамзамонону дар сабти қаламкашонаш боқӣ мемонад. Ҳар давру замони таърихӣ хусусиятҳои хоси худро дорад. Бо ҳамон хусусиятҳояшон ин давлатҳою халқҳо, ҳокимону қахрамонҳо ва аҳли заҳматаш ба таърих ворид мешаванд.
Тоҷик давлатҳои абарқудрату императорӣ (Ҳахоманишию Сомониён), мустақилу дар иҳотаи давлатҳои абарқудрат (Тахористон, Суғд, Ғуриҳою Тоҷикистони Шӯравӣ) ва хурду тобеъ (Тоҳириён, Саффориён, Куртҳо, Сарбадорон)-ро дошт. Тоҷик шоҳони одилу (Анушервони Одил, Исмоил), ҷаллод (Темуру Насрулло) ва қаҳрамонони беҳамто (Рустам, Исфандиёр, Спетамен, Муқаннаъ, Восеъ), шаҳрҳои номӣ (Балх, Ҳирот, Нишопур, Бухоро, Самарқанд, Гурганҷ, Қӯқанд)-ро дошт. Ҳамаи ин номҳо саҳифаҳои дурахшону ҳузнангези халқи тоҷик буданд ва дониста мешаванд. Ба ҳамаи ин хонандаи мо шинос аст. Акнун дар ин китоб хонанда боз ба як саҳифаи гардондашудаи ба таърих рафтаи халқи тоҷик — Тоҷикистони Шӯравӣ, ки пур аз таззодҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, маданӣ ва инсонист шиносоӣ пайдо мекунад. Китоб, ки дар сана солҳои 1918-1945-ро дар бар мегирад, давраи бениҳоят пурмоҷаро, ҳассос, печидаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тамаддунии халқи тоҷикро фаро гирифтааст, ки сотсиализми шӯравӣ ва ҳатто ҷаҳонӣ маҳсуб мешуд. Хусусиятҳои хоси ин давраи таърихи халқи тоҷикро ин амалии назарияи авомии (пролетарии) имконияти сохтмони сотсиализм дар мамлакати аз ҷиҳати иқтисодӣ, маданӣ ва сиёсӣ қафомонда ташкил медод. Яъне талабагон дар синфҳои 8 ва 9 хонда ва фаҳмида буданд, ки аввалан, тоҷикон аз асри ХІІІ сар карда соҳибдавлат набуданд ва баъдан аз нуқтаи назари иқтисодӣ ва сиёсӣ ба қатори садумин давлатҳои ҷаҳон дохил мешуданд. Дар ҳолате, ки бисёр халқҳои ҷаҳон дар Аврупою Осиё давлатҳои мутамаддин таъсис дода иқтисодиёту маданияти онҳо аз тоҷикон ба садсолаҳо пеш рафта буд. То соли 1918 тоҷик дар ҳайати давлатҳои бегонапарасту ғосиб (Бухоро, Афғонистон, Россия) буданд. Ин китоб хонандаро ба раванди таъсисёбии давлати миллии тоҷикон Тоҷикистон, ба ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва мадании давлати тозабунёди меҳнатдӯсташ дар ҳайати шӯроҳо ва аз аҳволи боз чунин тоҷикони берунмарзиаш ошно месозад.
Калидвожаҳо: Китоби Таърихи халки точик. Синфи 10, Таьрихи халки точик. Синфи 10, Тарихи халки точик. Синфи 10, Нозим Хакимов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
