Таърихи халқи тоҷик. Синфи 8. Абдуқаҳҳор Саидов ва дигарон

Китоби дарсӣ барои синфи 8-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.


Таърих илмест, ки аз давраҳои мухталиф оид ба ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва тамаддуну фарҳанги миллатҳо бо роҳу услубҳои гуногун маълумот гирд меоварад. Таърихнигорон ахбори гузаштаро аз сарчашмаҳои боэътимоди таърихӣ гирифта, онро бо ҳама сарваташ баррасӣ менамоянд ва тасвири гӯёи зиндагии ҷомеаҳо ва инсонҳоро дар гузаштаҳои дур воқеъбинона аз нав эҳё мегардонанд.

Омӯзиши илми таърих барои ҳар шахс муҳим аст, зеро аз таърих инсон сабақ омӯхта, он чиро ки боиси рушду тараққист, ба он
рӯ меоварад ва он чиро ки боиси ақибмондагӣ хоҳад шуд, аз он даст мекашад.

Илми таърих барои пешрафти ҷаҳонбинии хонандагон мусоидат намуда, онҳоро аз гузаштаи пурифтихори аҷдоди худ, ки дар фарозу нишеби рӯзгорон бо комёбиву нокомиҳо рӯ ба рӯ шудаанд, ба марзҳои таърихии сарзамини аҷдодии худ, сарнавишти шахсиятҳои маъруфе, ки дар раванди пешрафти ҷомеаҳо дар гузашта саҳм гузоштаанд, огоҳ месозад.

Акнун шумо аз таърихи халқи тоҷик аз ибтидои асри IX аз замони ба сари ҳокимият омадани сулолаи Тоҳириён дар Нишопур
(821-873) то миёнаи асри XIV, яъне то ба сари ҳокимият омадани сулолаи Темуриҳо шиносоӣ пайдо намудед.

Дар ин китоби синфи 8 шумо аз таърихи халқи тоҷик дар асрҳои XIV нимаи аввали асри XIX маълумот пайдо мекунед. Ибтидои асри XIV мутобиқ ба замони пош хӯрдани ҳукумати марказии Ҷағатоиён дар Мовароуннаҳр мебошад. Дар нимаи дуюми асри XIV муборизаи байни амирон ва хонҳои муғулӣ дар Мовароуннаҳру Хуросону Эрон шиддат ёфта, боиси комилан заиф гардидани ҳокимияти муғулҳо дар ин сарзаминҳо мегардад. Ин омилҳо сабаб мешаванд, ки қудрати идораи ҳокимиятро дар ин сарзаминҳо хонадони нав, ки асосгузори он Темур буд, ба даст гирад.

Бо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ ва илмӣ дар ин ҷо дар бораи чӣ гуна ҳокимиятро ба даст овардани Темурланг дар маркази Мовароуннаҳр – Самарқанд, хоинона ба қатл расидани роҳбарони наҳзати мардумии Сарбадорон дар Самарқанд, ҳуҷумҳои Темурланг ба мамлакатҳои гуногун, қатлу ғорати мардум ва харобии мамлакатҳо аз дасти Темурланг маълумот дода шудааст…


Калидвожаҳо: Китоби Таърихи халки точик. Синфи 8, Таьрихи халки точик. Синфи 8, Тарихи халки точик. Синфи 8, Абдукаххор Саидов, Ахрор Мухторов, Хамза Камол, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)