
Таърихи тоҷикон бо мӯҳри «комилан сиррӣ». Бахше аз таърихи фошнашудаи тоҷикон дар аввалҳои қарни XX. Академик Раҳим Масов.
Сухане дар бораи ин китоб
Лоиқ Шералӣ
Дар тӯли ҳафтод соли Ҳукумати Шӯравӣ пиромуни таърихи Осиёи миёна ва халқҳои маскуни он, ихтиёран ба Русия ҳамроҳ шудани Осиёи миёна (дар ҳоле, ки русҳо онро ишғолаш карда буданд) аз марзбандии сарзамини Варазрӯд (Варорӯд), ки И.А. Зеленский онро «табартақсим» номида буд, дар чаҳорчубаи идиюлужии ҳоким китобҳои зиёде навишта шудаанд, ки аз «иттиҳоди шикастнопазири ҷумҳуриҳои озод» (ва дидем, ки ин иттиҳод дар як чашм задан аз ҳам пош хӯрд) «дӯстии халалнопазири халқҳо», «халқи ягонаи шӯравӣ» бо як сабку маром сухан мерафт. Ин китобҳо аз «гузаштаи тира ва ояндаи дурахшон» суҳбат мекарданд, аммо ҳамагӣ аз тааммуқи андеша, таҳлилу баррасии холисонаи илмиву торихӣ, ҳақиқат ва адолати иҷтимоӣ орӣ буданд. Дар бораи ин ки мардумони Осиёи миёна дар масири торих кай пайдо шуданд, аз куҷо омаданд, чи гуна шакл гирифтанд, то замони табартақсими марзҳо чӣ сарнавишт ва саргузашти торихӣ доштанд, чӣ шаҷара, чӣ ному нишон, чи собиқа, чӣ ҳувийят, чӣ фарҳангу саҳми фарҳангӣ дар тамаддуни башар доштанд, сухани росту қавибунёд кам хондаем, ё ҳеҷ нахондаем. Аз ин китобҳо хондаем, ки марзбандии Ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ бо ҳусни тафоҳум, иттифоқи оро ва салоҳдиду ризоияти халкҳои сокини он сурат гирифта, дар холе, ки ин масъала натиҷаи сиёсати миллии дилхоҳи ленинӣ будааст…
Аммо чун китоби тозаи донишманди ғаюри тоҷик, торихшиноси шерҷигар Раҳим Масов «Таърихи тоҷикон бо муҳри комилан сиррӣ»-ро мехонем мисли рӯзи равшан мебинем, ки сурати воқеӣ ва торихии ин амали хиёнатбор чӣ ҳолу хатҳо ва доғу ҷароҳатҳо доштааст. Академик Раҳим Масов «даштҳои худро рифъат бахшида, кӯҳҳои дигаронро паст назада» (таъбири шоири шаҳири қазоқ Олжас Сулаймонуф) муътамад ва асосманд, бо мадорики якрӯву якпаҳлӯи торихӣ, бо иқтибосҳои пурдонтарин ховаршиносони ҷаҳоншумул, далелҳои қотеъи хаттиву бостоншиносӣ, мавод ва асноди сарбамӯҳри сандуқбанди торихӣ собит мекунад, ки он ҳама китобҳои сохтагӣ ва мурдахун фарсахҳо аз илми истинодӣ ва истидлолӣ дур будаанд. Ин китоб аз назари аввал дунболаи китоби машҳури ӯ «Торихи табартақсим» (Душанбе 1991) намудор мешавад, аммо чун ба мӯҳтавои он ошно мешавед, мӯй дар баданатон синон мешавад, дил реш-реш, ҷигар лахта-лахта хун мешавад, агар дилу виҷдону инсофи волои инсонӣ дошта бошед. Ин китоб танҳо як кори илмӣ нест, балки достонест пур аз ашку хун, пур аз оҳу фарёд, навишта бо забони аснод, балки фоҷианомаест аз худии худро куштанамон гоҳо ба дасти худ, гоҳо ба дасти душманон… Ин китоб бо хуни дил иншо шуда ва боястӣ ҳар тоҷики пурҷигар онро бо хуни дил бихонад ва бидонад ки кӣ будаем ва кӣ ҳастем, аз куҷо будаем, ба куҷо расидаем ва киву киҳо моро ба ин партгоҳи ҳалокат кашондаанд?…
Калидвожаҳо: Китоби Таърихи точикон бо мухри «комилан сирри», Таьрихи точикон бо мухри «комилан сирри», Тарихи точикон бо мухри «комилан сирри», Рахим Масов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)